11 медали варзишгарони навраси Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё

Аз 27-уми август то 10-уми сентябр дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачаҳо баргузор гардид, ки муштзанҳои тоҷик ба гирифтани 11 медал (4 тило, 1 нуқра, 6 биринҷӣ) ноил шуданд.

Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи бокси Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.

Медалҳои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа миёни мактаббачаҳо Дилшод Сиҷаев (35 кг) — медали биринҷӣ, Фирўзҷон Бойматов (37 кг) — медали нуқра, Анўшервон Сидиқов (33 кг) бо Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) — медали тило ба даст оварданд. Миёни наврасон Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг), Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ва Фариноз Абдуллоева (54 кг) бо Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тилоро соҳиб шуданд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати мукаммал иборат аз 27 нафар (14 муштзан миёни мактаббачаҳо ва 13 муштзан миёни наврасон)-ро ба мусобиқаи мазкур сафарбар карда буд. Онҳоро дар ин мусобиқа мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Тоирҷон Аглухов, Эмомалӣ Малаев, Рустам Музаффаров, Улфатшоҳ Ҳошимов, Ҳасан Мўсоев ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ карданд. Ҳамчунин, Акмалҷон Абдуллоев ҳамчун довар ба ин чорабинӣ иштирок кард.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат миёни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 кишвари қора ва 13 нафар аз Украина, миёни наврасон 80 варзишгари 24 кишвари қора ва 13 нафар аз Украина иштирок карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *