11 пешниҳод барои такмили озмуни “Фурӯғ…”
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чаҳорсола шуд ва собит кард, ки озмуни дӯстдоштаи пиру барнои мамлакат аст. Табиист, ки дар ин чаҳор сол озмун такмил ёфт ва навгониҳо рух доданд. Аммо, бо вуҷуд, мушкилу норасоиҳо ҳанӯз ҳастанд ва барои беҳтар кардани он саъю талош бояд кард.
Банда соли чорум аст, ки ҳамчун довар дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон” ширкат мекунам ва табиист, ки баррасиҳои ман ба ҳамин гурӯҳ ё номина дахл доранд. Дар бораи чӣ вазъ доштани номинаҳои дигар тасаввури мо сатҳист.
1. Аввалин пешниҳоде, ки банда мехоҳам онро ба эътибор бигиранд, такмил додани низомнома аст. Дар он ҳатман барои ворид кардани номгӯйи асарҳое, ки барои кӯдакони синфи 1-4 лозим аст, иқдом карда шавад. Дар қисмати “Адабиёти ҷаҳон”-и низомнома замимае ворид кардан лозим, то ки махсуси ин қишри хонандагон бошад.
2. Сабаби асосии дилсардиву навмедии аксар довталабони имсола як нофаҳмӣ буд: оё рӯйхати пешниҳодшуда ҳатмист ё ихтиёрӣ? Тавсиявӣ будани ин номгӯй дар низомнома зикр шудааст, аммо дар зеҳни ҳар довталаб ақидае маҳкам ҷо гирифтааст, ки “доварон аз ҳамин рӯйхат мепурсанд ва маҳз ҳамин муаллифонро хондан лозим”. Пас, аз ду кор якеро бояд кард: ё рӯйхатро умуман барҳам бояд дод, то ки ҳар хонандаи китоб чизеро, ки мехоҳад, ҳамонро бихонад, ё ба тамоми доварон расонидан лозим, ки аз номгӯйи умумӣ суол накунанд, танҳо аз китобҳое бипурсанд, ки дар дафтари довталаб сабт шудааст. Баъзе доварони озмун аз ин ҳолати духӯра сӯйистифода карданд ва ба ҷойи дафтари пешниҳодкардаи довталаб низомномаро ба асос гирифтанд.
Сабаби чунин пурсупоси доваронро тахмин кардан мумкин: онҳо мехоҳанд ҳамон асарҳоеро пурсанд, ки худашон хондаанд, аз пурсидани асарҳое, ки худашон нахондаанд, ҳазар мекунанд, ё ба таври умумӣ (“Ин асар аз чӣ ҳикоят мекунад?”, “Қаҳрамонаш кист?”, “Аввалу анҷоми асар чӣ гуна аст?”, “Чаро ин асар чунин ном дорад?” ва ғайра) суол медиҳанд.
Рӯйхати адибон барои он лозим аст, ки довталаб дар ҷустуҷӯйи мавод сарсон нашавад, яъне вазифаи ин рӯйхат раҳнамоист. Ин ки довталаб аз кадом кишвар осори кадом адибро мехонад ва киро намепазираду намехонад, ҳақи қонунии ӯст. Адабиётро маҷбурӣ намехонанд, ин қонун аст, онро аз рӯйи шавқу завқ ва барои қонеъ кардани тақозои маънавӣ мехонанд, ин қонуни дувум.
Гумон мекунам, ки аз набудани рӯйхат буданаш муҳимтар аст. Ёдам мерасад, ки соли аввал ҳамагӣ 20 муаллиф дар низомнома сабт шуда буд, зеро таҷрибаи нахустин буд. Соли дувум банда ба сохтани номгӯй ҷалб шудам ва он иборат шуд аз 155 адиб, соли сеюм миқдори адибон ба 173 нафар расид — аз манотиқи гуногуни олам. Ҳоло мебинам, ки бисёр адибони маъруф ихтисор шудаанд, ки сабабаш бароям маълум нест…
Аз рӯйхати адибони Амрико ва Канада имсол Маргарет Митчел, Рэй Брэдбери, Курт Воннегут, Харпер Ли, Эдгар Лоуренс Доктороу, Кормак Маккарти, Кен Кизи, Стивен Кинг, Ҷонатан Франзен, Элис Манро ва чанде дигар нависандагони маъруфро ихтисор кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин корро кардан мумкин набуд… Инҳо тоҷи шуҳрати адабиётро ба сар доранд ва ҳам маҳбубият миёни хонандагон…
Ғайр аз ин, кори нохубе карданд, ки аз номгӯйи адибони Амрикои Лотинӣ номҳои адибони бузургеро, чун Хорхе Луис Борхес (Аргентина), Мигел Астуриас (Гватемала), Марио Варгас Лйоса (Перу), Хулио Кортасар (Аргентина), Карлос Фуэнтес (Мексика) ихтисор кардаанд. Чаро? Бо кадом сабаб? Намедонам.
Ҳамчунин дуд аз димоғам баромад, вақте дидам, ки аз маъруфтарин адибони қитъаи Аврупо ин адибонро ихтисор кардаанд: Ҷоан Роулинг (Англия), Генрик Ибсен (Норвегия), Шарлотта Бронте (Англия), Эмили Бронте (Англия), Люис Кэрролл (Англия), Рафаэлло Ҷованолли (Италия), Болеслав Прус (Лаҳистон), Герман Гессе (Олмон), Сомерсет Моэм (Англия), Ярослав Гашек (Чехия), Кадзуо Исигуро (Япония — Англия), Меша Селимович (Сербия — Босния — Ҳерсеговина), Жозе Сарамаго (Португалия), Олдос Хаксли (Англия), Эрих Мария Ремарк (Олмон), Антуан де Сент-Экзюпери (Франсия), Ҷорҷ Оруэлл (Англия).
Чаро ба масъулини озмун ин адибон писанд нашудаанд, бароям номаълум… Ин бузургонро ихтисор кардаанду адиби туркман Бердӣ Карбобоевро илова… Бердибобои туркмани барои ҷаҳониён ноошно куҷову Экзюпери куҷо? Деҳ куҷову дарахтон куҷо?
Агар ихтисор лозим бошад, пас, ба ҷуз адабиёти рус, ки бисёр аҳамият дорад, аз баҳри адибони Осиёи Марказӣ — қазоқу қирғизу туркману ӯзбек ва баъзе адибони украину белорус бояд гузашт, ки осорашон бино ба гузашти айём камэътибор шудааст, чун осорашон ба тақозои реализми сотсиалистӣ эҷод мешуд, замоне, ки ҳама масоили адабӣ таҳти контроли идеологияи шӯравӣ буд.
Осори ин адибон ба завқи имрӯзиён, махсусан ҷавонон, созгор нест. Аз ин минтақа, яъне Осиёи Марказӣ ва Қафқоз боқӣ монондани номҳои Чингиз Айтматов, Нодар Думбадзе, Расул Ҳамзатов ва Грант Матевосян кофист… Аз баҳри дигарҳояш бояд гузашт.
3. Пешниҳоди муҳими дигар огоҳона интихоб намудани доварон аст. Ба сифати довар бояд шахси донишманд ва огоҳ аз адабиёт пазируфта шавад, шарт нест, ки ҳатман устоди мактаби олӣ бошад. Касе бошад, ки аввалтар аз ҳама, худаш китоб хонда бошад, то ки дуруст пурсупос карда тавонад. Ва чизи муҳими дигар муомилаву муносибати дуруст бо довталабон аст. Таъйини довталаб ба воситаи “мусоидат” аз “болову поинҳо” бузургтарин хиёнат ба озмуни миллист…
4. Пешниҳоди дигар: қабл аз оғози озмун имтиҳони хаттии довталабон ташкил шавад, беҳтар аст. Довталабон тибқи рӯйхати худашон аз ягон асари бадеӣ эссе навишта, барои санҷиш ба доварон пешниҳод кунанд. Барои дуруст санҷидани саводи довталабон ин кор хеле аҳамият дорад. Зарурати ин амал боз дар он зоҳир мешавад, ки дар сурати якхела ҳосил шудани баҳои довталабон, яъне сатҳи якранги дониши довталабон, саводи хаттии онҳо меъёри илмӣ ва ҳам боинсофонаи озмун эътироф мешавад. Фаразан, ду кас 50-холӣ гирифтанд, бигзор ҳамоне пирӯз шавад, ки эссеро бехато менависад…
5. Пешниҳоди дигар роҷеъ ба афзун кардани иштирокчиёни озмун дар гуруҳи донишҷӯён, ки хеле кам ҷалб мешаванд. Маълум, ки хонандагони мактабҳои миёнаро як устод омода мекунад ва дар сурати пирӯз шудани шогирдаш он муаллим подош (10 000 сомонӣ) мегирад. Ин таҷрибаро нисбат ба донишҷӯён низ ҷорӣ кардан лозим. Итминони комил дорам, ки дар сурати қабул шудани ин пешниҳод шумори довталабони ин гуруҳ як бар даҳ хоҳад афзуд.
6. Пешниҳоди дигар: гуруҳҳои таблиғотӣ таъсис намуда, дар маҳалҳо, ноҳияву вилоятҳо бо ҷамъи довталабон роҷеъ ба моҳияти асарҳои адабӣ, тарзи интихоб ва хондани асарҳо суҳбатҳо ташкил намудан ба манфиати озмун хоҳад буд.
7. Лозим аст, ки чаҳорчӯбаи вақт (регламент) барои пурсиши ҳар довталаб таъйин карда шавад. Масалан, як соат. Барои ҳама якхела. Агар довталаб ба чаҳор суоли пайиҳам додашуда посух гуфта натавонад, бигзор вақти пурсиши ӯ маҳдуд карда шавад. Баъди пурсиши ҳар довталаб ҳамон замон натиҷаи дониши ӯро маълум бояд кард. Барои чунин кор тоблуе лозим аст, ки дар он натиҷаи дониши довталаб баъди баромадаш инъикос ёбад. Дарҳол эълон кардани натиҷаи озмун барои ҳар довталаб ҳама гуна миш-мишу гапу овозаҳоро аз миён мебардорад ва ба таъсиси комиссияи аппелятсионӣ низ ҳоҷат намемонад. Дар сурати пайдо шудани норизоӣ кори хаттӣ гирифтан лозим аст, он гоҳ ягон баҳс ба вуҷуд нахоҳад омад… Мавзуи кори хаттӣ (эссе, иншо, бардошт аз мутолиаи асари бадеӣ) аз дохили дафтари довталаб тавассути қуръапартоӣ интихоб карда шавад. Масалан, номи даҳ ё бист роману ҳикоя дар қуттие гузошта мешавад ва довталаб якеро мегирад ва тӯли як соат бардошташро менависад.
8. Бояд дастурҳое (шояд китобҳои алоҳида) таълиф шаванд, ки дар онҳо ҳама масъалаҳои барои довталабони номинаҳо зарур (махсусан шарҳи мухтасари асарҳои бадеӣ ва тарзи дурусти қироати онҳо) дуруст шарҳу тафсир карда шаванд. Муаллифони ин китобҳо бояд аз имтиҳони комиссияи махсус гузаранд, то ки “шиносбозӣ”-ву “болову поин”-нигариҳо рух надиҳад.
9. Барои озмуни “Шоҳҷоиза” тартиби ҳозираи озмун созгор нест, зеро аз як ҷониб мегӯем, ки рӯйхат характери тавсиявӣ дорад, аз сӯйи дигар, донистани 70 фоизи маводи онро талаб мекунем. Таҷрибаи чаҳорсола нишон дод, ки аз уҳдаи ин кор ягон довталаб намебарояд. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки барои довталаби “Шоҳҷоиза” донистани 50 асари бадеӣ аз ҳар номина ҳамчун меъёр муқаррар гардад. Доварон аз рӯйи ҳамин номгӯй (яъне аз ҳар номина 50 асар) суолҳо диҳанд ва дар сурати посухи дуруст ғолиби ин озмун муайян карда шавад.
10. Ниҳоят, вақти он расида, ки мақоми ин озмун баланд бардошта шавад. Бигзор ба озмун тоҷикони бурунмарзӣ низ биёянд ва иштирок кунанд, махсусан тоҷикони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, аз водиҳои Фарғона, Сурхондарё, ҳатто аз Самарқанду Бухоро. Тоҷикони муқими Русияву Қазоқистон низ. Азбаски онҳо аз зинаҳои якуму дуюм ва сеюм намегузаранд, бигзор дар низомнома тартиби содашуда сабт шавад. Доиман мегӯем, ки Тоҷикистон ватани тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, дар ин озмун иштирок кардани тоҷикони бурунмарзӣ ҳамин андешаро то ҷойе собит ва барои ваҳдати ҳама тоҷикони ҷаҳон, албатта, мусоидат хоҳад кард…
11. Дар бораи унвони озмун ҳам андеша кунем, хуб аст. Номи расмии озмун (“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”) ниҳоят дароз аст, беҳтар аст, ки кӯтоҳ бошад, чунки зеҳни мардум душворбаёниву сухани дарозро намебардорад. Тамоил ба ин гуна тағйиротро дар илм “language economy” ё ин ки “least effort” мегӯянд… Агар ин сабқати маънавӣ — Озмуни миллии “Фурӯғ” номида шавад, аз ҳар ҷиҳат беҳтар аст. Се калима ва як олам маъно!
Ҳамин буд чанд андешае, ки мухтасар гуфтанаш кайҳо дар дилам буд. Гумон мекунам, ки аз ҳар баду бало эҳтиёт кардани ин озмун ва мунтазам такмил додани он қарзи ҳар касест, ки китобро дӯст медорад ва зиндагиашро бидуни китоб тасаввур намекунад… Ин озмуни миллӣ озмуни китоб аст ва китоб бошад, бунёди ҳаёт…
Ҳафиз РАҲМОН,
довари озмуни “Фурӯғ” дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос ва публитсист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ