11 ронандаи сархуш дар роҳҳои Душанбе
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 5827 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 11 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 58 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 6 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 231 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 151 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 20 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 20 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 155 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 132 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 107 адад;
-Вазъияти хавфнок – 18 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 376 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1390 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 4513 адад;
Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 11 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:
Ёрмаҳмадов Анас Дилшодович — ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 8588 ВР 01
Болтаев Султонҷон Сиҷоиддинович — ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ»-2106, рақами қайди давлатиаш 7367 DO 01
Шамсов Меҳровар Абдулҳафизович — ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-н», рақами қайди давлатиаш 9812 СТ 01
Фатоев Хуршед — ронандаи автомашинаи тамғаи «Рено», рақами қайди давлатиаш 2849 НР 01
Ҳасанзода Фирдавс Эшон — ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-сиело», рақами қайди давлатиаш 5216 ОD 01
Тоиров Фирӯз Изатуллоевич — ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2110», рақами қайди давлатиаш 3784 НР 01
Баротов Саидаҳмад Файзалиевич — ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 2840 ТТ 05
Ҷалилов Абдуҷамил Абдусатторович — ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-520», рақами қайди давлатиаш 6209 НР 01
Сайдалиев Ҳабибулло Давлаталиевич — ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1100 УУ 01
Қодирзода Аслиддин Султон — ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0985 JJ 01
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ