11 соли ҳукми ҷавони тоҷик барои ҳамла ба мазори Хоҷа Аҳмад
Суди байниноҳиявии вилояти Туркистон дар ҷануби Қазоқистон парвандаи як ҷавони тоҷикро баррасӣ карда, ӯро бо ҷурми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ва тарконидани мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ба 11 соли зиндон маҳкум донист.
Пойгоҳи хабарии Нур.кз хабар дод, ки ин ҷавони тоҷик дар додгоҳ худро туъмаи “подстава” номидааст. Маводи парванда дар воқеъ суолҳои зиёдеро дар бораи то куҷо ҳақиқат доштани иттиҳоми терроризм ба зидди ин ҷавони 22-сола эҷод мекунад.
Ҷавони тоҷик бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон — қисми чоруми моддаи 255 (сӯиқасд ба амали террористӣ) ва қисми якуми моддаи 256 (таблиғи ифротгароӣ) гунаҳкор шинохта шудааст.
Ба гуфтаи тафтишот, ин ҷавон пайрави ҷараёнҳои динии радикалӣ буда, қасд доштааст дар оромгоҳи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад.
Дар мурофиаи судӣ айбдоршаванда изҳор доштааст, ки ба Туркистон барои гиромидошти ҷойҳои муқаддас омадааст. Дар ин ҷо бо духтаре шинос шуда, ба ӯ ошиқ шуда ва хостааст издивоҷ кунад, вале гӯё “бародарон” ӯро маҷбур кардаанд, ки ҳамлаи террористӣ кунад.
Додгоҳ чунин далелҳоро эътироф накарда, изҳор доштааст, ки нияти ҷиноии судшаванда ва омодагии ӯ ба ҳамлаи террористӣ бо маводи тафтишотии ҷамъоварда пурра исбот шудааст.
Аммо тафтишот ва додгоҳ натавонистаанд робитае миёни маҳкумшуда бо созмонҳои террористӣ ва ифротиро муқаррар кунанд. Ӯ ҷазоро дар колонияи низомаш миёна сипарӣ хоҳад кард.
Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, машҳур ба лақаби Ҳазрати Султон, файласуф, воиз ва шоиру сӯфии машҳур дар саросари Осиёи Марказӣ, соли 1103 дар Сайрам ба дунё омада, соли 1166 дар Ясӣ (Туркистони кунунӣ) вафот кардааст. Дар поёни асри 14-ум, 233 сол баъди вафоти Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, бо фармони Амир Темур дар Ясӣ мазори ин сӯфии машҳур сохта шуда, то имрӯз зоирон аз саросари Қазоқистон ва берун аз он ба хотири зиёрати мазори ин пири тасаввуф ба Туркистон мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ