Ҳушдори мақомот: Дар Тоҷикистон 3 рӯз борони пуршиддат меборад

Рӯзҳои  12 – 14 апрел  дар аксари манотиқи мамлакат борони пуршиддат пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ дод. Дар ҳамин маврид Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи Тоҷикистон аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Бахусус рўзҳои 13-14 апрел ҳавои абрӣ ба боронҳои шиддатнок табдил мешавад ва омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои доманакўҳӣ ва кўҳии ноҳияҳои тобеъи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсидддини Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва минтақаҳои доманакўҳи вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷакент) эҳтимол дорад”- афзудааст, манбаъ.

Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла дар дарёҳои  Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш эҳтимол меравад сатҳи об боло равад ва дар баъзе минтақаҳо он аз соҳилҳо ба сӯи заминҳои кишт ва манзили сокинон равона гардад. 

“Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад”- мегӯяд, манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *