Олимони тоҷик дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ сохтанд
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки олимони академия дар якҷоягӣ бо олимони тибби кишвар бароварданд, аллакай дар Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе истифода мешавад.
Дастгоҳ барои осон гардидани нафасгирии беморон мусоидат мекунад. Аввал ин дастгоҳро табибон дар Беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе якчанд муддат озмоиш намуданд.
Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки ин дастгоҳ пурра ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии стандартӣ ҷавобгӯ буда, барои бемороне, ки аз нафастангӣ душворӣ мекашанд, пешбинӣ шудааст.
Таҷҳизот бо неруи барқ фаъолият намуда, 5 кг вазн дорад.
Ба иттилои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар вазъияти имрӯза, ки қисме аз сокинони мамлакат гирифтори бемории сироятии коронавирус ҳастанд, ихтирои чунин дастгоҳ зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Зеро яке аз нишонаҳои бемории сироятии коронавирус ин- нафастангӣ аст. Таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои кумаки беморони сироягирифтаи ин вируси хатарнок ёрирасон аст.
Ҳоло теъдоди дастгоҳ кам буда, масъулин тасмим доранд, ки марҳала ба марҳала шумораи онро зиёд намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ