Хайрулло Ҳайдаров: Сулҳ кори якрӯза нест!
Полковник Хайрулло Ҳайдаров, ки дар Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) узви зеркомиссияи низомӣ буд ва дар бартараф кардани хатарҳои ҷанг саҳми носутурданӣ гузоштааст, имрӯз, 1 июн зодрӯз дорад. Ӯ шоҳиди ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон аст ва соли гузашта баъзе аз хотироти хешро дар мусоҳиба бо Одил Нозир ба миён гузошта буд, ки онро манзури шумо мегардонем.
27 июни соли равон аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 22 сол сипарӣ шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1997 Ҳукумати қонунии кишвар бо неруҳои мухолиф ба ифоқа омад ва ба гуфти шоири маъруф Лоиқ Шеарлӣ «ҷанги девонавори мо бигзашт, сулҳи деринтизори мо омад». Коршиносон ин сулҳро лоиҳаи Роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд ва ҳатто пешниҳодоте ҳам ҳаст, ки таҷрибаи сулҳи мо аз ҷониби кишварҳои дигар омӯхта шавад. Аммо ба гуфти ҳамсуҳбати ман, полковник Хайрулло Ҳайдаров, ки дар Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) узви зеркомиссияи низомӣ буданд ва дар бартараф кардани хатарҳои ҷанг саҳми носутурданӣ доранд, «расидан ба сулҳ кори якрӯзаву дурӯза нест»… Чӣ роҳҳо тай шуд, ки Тоҷикистонро ба осоиш расонид? Ин суолест, ки 22 сол боз посухи онро меҷӯем…
Оғози кори КОМ
— Хайрулло Ҳайдарович, мехоҳам дар мавриди пайвастани худ ба КОМ ба хонандагони мо маълумот диҳед.
— То ташкил шудани КОМ байни Ҳукумати конститутисонӣ ва роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ҳашт марҳила гуфтушунид гузаронда шуда буд. Танҳо санаи 8-уми марти соли 1997 дар шаҳри Москва протоколи ҳалли масъалаҳои ҳарбӣ, ки иҷрои он иборат аз 4 давра буд, қабул карда шуд. Ман дар ин гуфтушунидҳо иштирок надоштам, аммо ҳаводиси Тоҷикистон ва марҳилаҳои музокиротро пайваста пайгирӣ мекардам. Гап дар сари он ки дар он давра банда дар Академияи ҳарбии штаби генералии Россия (ВАГШ) дар шаҳри Москва таҳсил мекардам. Роҳбари кори дипломиам профессор, доктори илмҳои ҳарбӣ, сардори кафедраи низоъшиносии ВАГШ генерал- полковник Барынкин Владимир Михайлович ба ман фармуда буд, ки аз хурдтарин рафти музокироти байни тоҷикон хабардор шуда, материалҳои онро ҷамъоварӣ карда ба ӯ расонам.
Маълумотҳо оид ба музокироти сулҳи Тоҷикистонро аз сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Рамазон Мирзоев ва Сарситоди (ҳоло ситоди генералии) Вазорати мудофиа, ки дӯст ва рафиқи ҳамхизмати генерал Бобоҷонов Содиқ Нурматович ба он роҳбарӣ мекард, ба воситаи телефон мегирифтам. Ҳамчунин, қариб ҳамаи нашрияҳои дар дастрасбударо варақ зада, ҳар чизе, ки аз музокирот пайдо мекардам, навишта гирифта, ба Владимир Михайлович мебурдам ва мо ояндаи Тоҷикистонро “пешгӯӣ” мекардем. Яъне, ман нисбати ҷанги Тоҷикистон ва музокироти сулҳи он бетараф набудам.
Нимаи дувуми моҳи июни соли 1997-ум Содиқ Нурматович ба ман телефонӣ хабар дод, ки шуморо ба аъзогии Комиссияи оштии миллӣ пешбарӣ кардаанд… Ҳамин тавр, имтиҳонҳои давлатиро супорида рӯзи 3-уми июли соли 1997 ба Тоҷикистон омадам. Санаи 4-уми июл вохӯрии Ҷаноби Олӣ бо аъзои ҳукуматии КОМ баргузор шуд ва ҳамон рӯз фармони Президент дар бораи ташкил кардани КОМ ва аъзои он баромад, иштирок кардам…
-Шумо корро дар Комиссияи оштии миллӣ аз чӣ шурӯъ кардед?
— Мо корро баъди як рӯзи судури фармони Президенти кишвар дар мавриди КОМ оғоз кардем. Санаи 6-уми июл банда ҳамроҳи аъзои КОМ баргашта ба Москва рафтам ва аввалин иштирокам дар вохӯриҳо бо мухолифини тоҷик 7-уми июли соли 1997 дар пойтахти Русия баргузор гардид. Дар кушодашавии ҷаласаи аввалини мо вазири корҳои хориҷии Россия Е. М. Примаков баромад кард. Вохӯрии мо дар Маскав 3 рӯз идома кард ва 10 июл қарори КОМ таҳти рақами №001 дар бораи «Санади ҳамдигарбахшӣ ва қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.
Баъди баргаштан ба Душанбе ман дарҳол барои иҷрои вазифаҳои дар пешистодаи зеркомиссияи ҳарбӣ машғул шудам. Бо маслиҳати раиси зеркомиссияи сиёсӣ Иброҳим Кенҷаевич Усмонов тарзи ба қайд гирифтани размандагони мухолифин, яроқи онҳо, ҷо ба ҷо кардан ва реинтегратсияи онҳо нақшаи корӣ тартиб додам. Ба ин корам ба ман генерал Изодорчук намояндаи СММ дар Тоҷикистон ёрдами хеле калон расонид. Аз ҳама асосӣ дониши дар ВАГШ гирифтаам ба ман хеле кумак кард. Ҳамин тавр, нақшаи кории беш аз 30 варақа тартиб додам. Пинҳонӣ як нусха аз китобе, ки ба мо дода буданд “Роҳи сулҳ” (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон) ва нақшаи кории тартибдодаамро ба роҳбарам В. М. Барынкин фиристодам. Аз ин шахси бузург, мутахассиси ҳарбӣ дуои нек ва маслиҳатҳои хуб гирифтам…
Вохӯрӣ бо Мирзо Ҷага ва Мулло Абдулло
-Аввалин вохӯриатон бо размандагони ИНОТ кай ва дар кадом минтақа сурат гирифт?
-Рӯзи 15-уми августи соли 1997 маро Абдумаҷид Достиев ҷеғ зада гуфтанд, ки ҳамроҳи намояндагони СММ ба Тавилдара барои вохӯрӣ бо қумондони саҳроӣ Мирзо Зиёев, мулаққаб бо Мирзо Ҷага меравед. Ҳамин тавр, санаи 17-уми август аз тарафи ҳукуматиҳо ман, аз тарафи ИНОТ Давлат Усмон, аз ҷониби ҳарбиёни СММ Муҳаммад ном як иорданӣ ба Тавилдара рафтем. Моро афсарони дивизияи 201-уми Россия ҳамроҳӣ мекарданд.
Моро нағз пешвоз гирифта, меҳмондорӣ карданд. Созишномаи қабулшудаи авфи размандагони ИНОТ-ро ба Мирзо Зиёев ва қумондонони дигар ҳаматарафа фаҳмондем. Рӯзи бақайдгирии размандагон ва яроқҳояшонро бо маслиҳати байниҳамдигарӣ муайян кардем.
Ҳангоми баргаштан, баробари баланд шудани чархбол касе аз автомат ба мотори вертолёт тир холӣ кард. Тир ба шланги гардиши равғани вертолёт расида, онро сӯрох карда буд. Дар ҳаво халабон гуфт, ки умуман фишори равғани мотор нест, равған рехта, тамом шудааст. Бинобар ин, дар фурудгоҳи Комсомолободи ҳамонвақта, ки дар лаби дарёи Вахш воқеъ буд, фуруд омадем. Аз вақт истифода бурда, бо Абдуллои Чакида, ки баъдан Мулло Абдулло шуд, вохӯрӣ гузарондем.
Аз Душанбе вертолёти дигар бо таъмиргарон фиристоданд ва сафари нахустини мо ба охир расид.
—Баъди қабули гарм ва гусели сард ва вохӯрии нахустинатон бо қумондонони ИНОТ бо чӣ ҳиссиёт баргаштед?
-Ман ба Тавилдара барои иҷрои фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта будем. Ман ҳамон замон солдат будам ва солдат мондаам. Ҳадафи мо сулҳ буд ва ман бовар доштам, ки мо ба он даст хоҳем ёфт. Дар Тавилдара бо бисёр шиносҳоям, онҳое, ки аз ноҳияи Ленин буданду ман ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда будам ва онҳое, ки маро мешинохтанду бо амри тақдир ба тарафи дигар гузашта буданд, вохӯрда, суҳбатҳо кардем. Ҳамаашон бо як овоз гуфтанд, ки мо барои сулҳ розӣ ҳастем…
-Дар мавриди шиносоиятон бо размандагони мухолифин ҳарф задед. Шумо онҳоро ва онҳо шуморо аз куҷо мешинохтанд?
-Банда 5 сол ҷонишини комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва 10 сол аз сардори шуъба то комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакии ҳозира (Ленини ҳамонвақта) будам. Дар давраи Иттифоқи Советӣ вазифаи асосиам сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба мактабҳои олии ҳарбии Иттифоқи Советӣ фиристодани мактаббачаҳои болаёқат буд. Нисфи ҳар як солро ман дар «Сборный пункт»-и республикавӣ мегузарондам, бо ҳар як даъватшаванда шахсан ва агар имкон шавад, бо падару модар ё хешу таборашон вохӯрда, дар ҳуҷҷатҳои даъватшавиашон хулосаю пешниҳодамро қайд мекардам, баъд ба кадом қӯшун фиристоданро низ пешниҳод менамудам. Онҳое, ки ба ёдам буд, шинохтам ва онҳое ки фаромӯш карда будам, маро мешинохтанд, ҳамин тавр дар ҳамон гурӯҳҳои силоҳбадаст аз ноҳияи Ваҳдат сар карда, то Ҷиргатолу Тавилдара шинос пайдо мекардам ва ин ба кори ман ҳам сабукӣ ва ҳам кумак мерасонд.
Аъзоёни зеркомиссияи ҳарбии тарафи размандагони ИНОТ бе «телех»-ба ягон ҷой намерафтанд. Ман ин намуди хидматгузориро бад медидам. Ҳеҷ вақт истифода набурдаам…
Чаро КОМ ду моҳ танаффус кард?
-Тавре аз санадҳо бармеояд, аз давраи ҷаласаи аввал то саршавии кори асосии КОМ бештар аз ду моҳ танаффус шуд. Сабаби ин танаффус чӣ буд?
-Танаффус набуд. Қонуни авфе, ки КОМ тайёр карда, маъқул донист, 1-уми августи соли 1997 дар Иҷлосияи VII Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул шуд ва ҳукми қонунӣ пайдо кард. Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада, вазъияти умумиро шарҳ дод ва суханҳои тезутунд гуфт: — «Ман на барои мансаб, курсӣ, балки барои сулҳу салоҳи кишвар гуфтушунид мекунам. Нохлафҳо бошанд, овоза мекунанд, ки ман бо домулло Абдулло Нурӣ барои тақсими вазифа забон як карда бошем. Аз ҳамин рӯз сар карда, бояд калимаи оппозитсия ва мухолифин аз байн равад. Касе пас аз ин ҷиноят кунад, авф намешавад».
Ҳоло баъзеҳо фикр мекунанд, ки баъди имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” мо зуд ба ососишу субот расида бошем. Не, барои расидан ба осоиш баъди имзои созишнома низ душвориҳои зиёде пайдо шуданд. Ҷониби мухолифин ҳамоно шартҳои болохонадор мемонданд. Тобистони соли 1997 гарм омад, вазъияти сиёсӣ ва ҷангҷоли ба ҷанг табдилёфта дар водии Вахш ва Ҳисор аз боду ҳаво дида гармтар шуд. Ҳамаи ҳодисаҳои ба амаломадаи он вақтро, агар гап занам, мақола не, бояд китоб нависед.
Охирҳои моҳи август ва аввалҳои сентябри соли 1997-ум омад-омади домулло Саид Абдуллоҳи Нурӣ тӯл кашид ва пурҳангома шуд. Тарафдорони Нурӣ мехостанд, ки Домуллоро чи тавре ки Оятулло Имом Хумайниро соли 1979 дар Теҳрон пешвоз гирифтанд, ҳамон тавр ва аз вай дида боҳашаматтар пешвоз гирем. Аммо вазъияти дохилӣ инро намебардошт. Бинобар ин, кори асосии комиссия қариб як моҳ қафо монд. Ба ҳамаи ин вазнинию сахтӣ нигоҳ накарда Президентамон тавонист роҳ кушояд ва комиссион корашро сар кунад.
Оғози бақайдгирии силоҳбадастон
-Баъди танаффус кори асосии КОМ аз кай ва аз чӣ шурӯъ шуд?
-Ҳамаи талошҳо, шартгузориҳо, садгузориҳо пушти сар шуда, заминаи фаъолияти КОМ – охирин умеди ҳамаи тоҷикистониҳо фароҳам омад. КОМ- кори худро рӯзи 15 сентябр, соати 10 бо суханони муқаддимавии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои кафили сулҳ оғоз намуд. Дар маҷлиси кории онрӯза аввалин масъала, масъалаи таъсис додани зеркомиссияҳо буд, ки бояд ду нафар аз тарафи ИНОТ ва ду нафар аз ҷониби Ҳукумат ба он роҳбарӣ мекард. Ҳар ду ҷониб ҳам роҳбарии зеркомиссияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро мехостанд. Пас аз суханрониҳову сухангӯиҳо ва талошҳои зиёд ин ду зеркомиссияро байни ҳамдигар тақсим кардем. Зеркомиссияи сиёсӣ ба ҳукуматиҳо дода шуд ва Иброҳим Усмонов раиси он эълон шуд, ба зеркомиссияи ҳуқуқӣ бошад, намояндаи мухолифин Отахон Латифӣ раис таъин шуд. Раиси зеркомиссияи муҳоҷирон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси зеркомиссияи ҳарбӣ Ҳабибулло Сангинов интихоб гардиданд. Дар ҳар як зеркомиссия 4 нафарӣ гурӯҳи корӣ аз ҳар ду тараф (яъне 8 нафар) интихоб шуданд. Раиси зеркомиссияи ҳарбии ҷониби Ҳукумат маро таъин карданд. Дар зеркомиссия аз тарафи ҳукумат Тағай Раҳмонов, Абдуманон Абдуразоқов ва ман шомил будем. Дар гурӯҳи кориамон афсарони ботаҷрибаи касбӣ аз Вазорати мудофиа полковник Баҳрудин Муминҷонов, прокуратураи генералӣ полковник Муҳаммадраҳим Холов, Комитети бехатарӣ полковник Пустиев ва Кумитаи сарҳадот полвоник Назаров ворид шуданд. Умуман, дар гурӯҳи зеркомиссияи ҳарбии ҳукуматӣ мутахассисони касбии ҳарбӣ ва ботаҷриба шомил буданд.
-Санаи 16 сентябр бо пешниҳоди зеркомиссияи сиёсӣ ва ҳарбии КОМ муроҷиатнома дар мавриди бақайдгирии силоҳбадастон қабул карда шудааст. Ҳадафи қабули муроҷиатнома чӣ буд ва оё он дар рафти барқарор кардани сулҳ натиҷа дод?
-Бале, ин муроҷиатнома ниҳоят муҳим буд, зеро, пеш аз ҳама, мо бояд муайян мекардем, ки аз ду ҷониб чӣ миқдор силоҳбадаст меҷангад ва онҳо ба кадом гурӯҳ ё қумандон тааллуқ доранд? Дар он давра гурӯҳҳои хурд зиёд шуда, онҳоро ҳам ҷониби Ҳукумат ва ҳам мухолифин зери қанот гирифта буданд. Ин гурӯҳҳоро мо муайян кардем, як қисмашон тӯли фаъолияти КОМ худро муаррифӣ накарданд ва қисме то интихоботи соли 2000-ум боқӣ монданд.
Шарти Раҳмон Гитлер
-Машварат бо силоҳбадастон ва гурӯҳҳои ихтишошгар кори хеле сангин аст. Мехостам донам, ки зимни оғози гуфтушунид чӣ мушкилот пешорӯи шумо баромад?
— Омилҳои зиёде буданд, ки садди роҳ мешуданд. Бақайдгирии яроқу аслиҳа ва шахсияти размандагони ИНОТ асос ва мағзи кори зеркомиссияи ҳарбӣ буд. Аммо ҳал шудани баъзе аз масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ кори моро кашол медод. Бинобар ин, соли 1997 ҷамъоварӣ ва бақайдгирии дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар 10 нуқтаи таъиншуда ба душворӣ пеш мерафт. Зеркомиссияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва муҳоҷирин бештар ҷаласа мегузарондад. Мо ҳарбиён дар ноҳияҳо нуқтаҳои ҷамъшавии размандагонро бо ашёҳои зарурӣ таъмин кардем. Яъне, дар ибтидои кор 10 нуқта ба пуррагӣ бо кумаки намояндагони СММ ва раисони ноҳияҳо барои бештар аз 5 ҳазор нафар омода шуд. Бо забони ҳарбӣ гӯем, барои взвод, рота ва баталинҳо казармаҳо омода шуданд. Аммо тарафи мухолифин бошад, дар вақташ ҷамъ нашуданд. Яке аз мушкилоти ҷиддӣ он буд, ки размандагони ИНОТ-и ноҳияҳои Ленин ва Кофарниҳон мегуфтанд, ки то Қозӣ-домулло Тӯраҷонзода наояд ва ба ӯ вазифа дода нашавад дар бораи ҷамъ омадан ва аз қайд гузаштан сухан маънӣ надорад.
Раҳмон Гитлер гуфт: — “Агар қароргоҳҳои муваққатии моро ба мисли меҳмонхонаи 5-ситорадор ҷиҳозонед ҳам, мо то Қозӣ домулло наояд, ҷамъ намешавем ва аз қайд намегузарем”. Саҳмияи 30%-а барои мухолифин кори зеркомиссияи ҳарбиро аз рӯи шартномаи қабулшуда қафо кашид ва вазнин кард. Оқибат ин масъалаҳо дер ҳам бошад, ҳалли худро ёфтанд. Ба домулло Тӯраҷонзода ва дигарон дар сатҳи болоӣ вазифа доданд ва кори мо оҳиста ҳам бошад пешрав шуд. Аввалин шуда, гурӯҳи аз ҳама калон, ки роҳбараш генерал Зиёев буд, яроқу аслиҳа ва размандагонашро ба қайд гирифта, дар казармаҳои ташкил намудаамон ҷой кардем.
-Дар вақти барӯйхатгирӣ ва сарҷамъу ҷо ба ҷо кардани размандагони ИНОТ дучори ягон чолиш шудед?
-Мо дучори машаққатҳои зиёде шудем. Силоҳбадастони Ғарм, Тоҷикобод ва Ҳоиту Ҷиргатолу Бадахшонро аз муоинаи тиббӣ гузаронда, яроқу аслиҳа ва худашонро ба қайд гирифтем, ки бештар аз 2300 нафар шуданд. Шахсан ман аз шумораи номнависӣ норозӣ будам, чунки ҳангоми рӯйхат кардан қумондонони ИНОТ ҷавонони 15, 16, 17- сола ва мардони кару гунгу куру маибро ҳам дар қатор монда ба рӯйхат медароварданд. Лекин мо ҳукуматиҳо ба ин рафторашон аҳамият намедодем. Ҳарчанд ҳаракат мекарданд, ки шумораашонро бештар нишон диҳанд, маълум буд, ки сохтакоранд. Рӯзи 5-уми декабри соли 1997-ум ман дар маҷлиси КОМ гузориш дода, пешниҳодоти зеркомиссияи ҳарбиро оид ба масъалаҳои авзои ҷиноии шаҳри Душанбе, дастаҳои мусаллаҳи мансубияташон номаълум, иҷрои протоколи низомӣ, тобеияти дастаҳо ба ситоди ИНОТ, бозгардондани размандагони ИНОТ аз Афғонистон ва қароргоҳҳои муваққатӣ ба миён гузоштам.
Пешвози сарфармондеҳ Нурӣ
-Барои дар вақти муайяншуда иҷро намудани «Протоколи масъалаҳои низомӣ” аз моҳи марти соли 1997-ум роҳбарони ИНОТ ба шумо ёрӣ мерасонданд?
-Аввал ин ки дар Протокол имзои худи онҳо низ буд. Дуюм, мо бе ёрии роҳбарони ИНОТ корро пеш бурда наметавонистем. Аммо мушкилӣ дар он буд, ки ИНОТ чандин роҳбар дошт. Ғарму Тавилдараю Бадахшон ба домулло Абдуллои Нурӣ ва Ваҳдату ноҳияи Ленин ба домулло Тӯранҷонзода итоат мекарданд. Гурӯҳҳои майда бошад, бесоҳиб ва ба сарварони майдаи худашон тобеъ буданд. Ман ин ҳолатро ба Абдулмаҷид Достиев, ки раиси тарафи ҳукуматӣ буд, гузориш додам. Баъди ин ҷаласа ман ҳамроҳи полковник Маҳмадраҳим Холов — афсари касбӣ, ҳуқуқшиноси бомаҳорат ба Ғарм рафтем. Баъди як ҳафтаи дар он ҷойҳо буданамон қумондонҳои ИНОТ генералҳо М. Зиёев, М. Искандаров, М. Низомов назди ман омада гуфтанд, ки аз марказ як гурӯҳи калон бо сардории Сарвазир ва домулло Абдулло Нурӣ меоянд, чӣ кор кунем? Он шабу рӯз дар Ғарм вазъият ин тавр буд: дар ҳукумати ноҳия байрақ, герби ҳукумат ва расми (портрети) Президент Эмомалӣ Раҳмон; дар идораи Комиссар Низомов байрақи ислом, герби ислом ва расм (портрет)-и домулло Саид Абдуллоҳи Нурӣ.
Дар сафари моҳи августи соли 1997 ман аз онҳо илтимос карда будам, ки баъди сар шудани кори КОМ хуб мешуд, ки аз дуҳокимиятӣ даст кашида, ба ҳукумати конститутисонӣ итоат кунед. Аммо…
Ҷои қабули Сарвазир ва ҷаноби Домуллоро варзишгоҳи ноҳия таъин кардем.
Генерал Низомов аз ман пурсид: — “Домулло Нурӣ Сарфармондеҳ аст, ман қумондон. Ҳангоми пешвозаш чӣ тавр доклад кунам ва чӣ гӯям?” Вай дар давраи шӯравӣ подполковники Вазорати корҳои дохилӣ (охирон сардори милитсияи ноҳияи Тоҷикобод) буд. Ман гуфтам, мувофиқи Устави ҳарбӣ. Дидам, ки авзояш беҷо аст, тартиби доклад ва қадамзанию пешвозро се бегоҳ дар варзишгоҳ машқ додам (дар варақе навишта додам). Сарвазир ва Домулло омад, чархбол дар варзишгоҳ фуруд омад ва генерал Низомов чӣ тавре ки нишон дода будем, хеле хуб қадам монда рафт дар наздики Домулло дасташро ба чакаи сараш бурда, каме таваққуф кард ва гуфт: — «хуш омадӣ»…
Сафару ташрифҳои ин ҳайат ба ноҳияи Ғарм ва Тавилдара хуб, бе ягон ҳодисаҳои фавқулода гузашт. Қумондонҳо ва размандагони ИНОТ худнамоишдиҳии бемаънӣ зиёд карданд, аммо ин ба кори мо халал ва зарар нарасонд. Баръакс муносибатҳояшон ба мо ва умуман аъзо ва гурӯҳҳои кории КОМ беҳтар шуд.
-Ғайр аз ҷаласаҳое КОМ оё аз тарафи Ҳукумат ва созмонҳои байналмиллалӣ фаъолияти шумо назорат карда мешуд?
-Бале, Президенти кишвар ҳамеша дар ҷараёни кори мо буданд. 26 январи соли 1998-ум Ҷаноби Олӣ тамоми аъзои Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, КОМ-ро ҷамъ карда, бисёр масъалаҳое, ки ба миён омада буданду ба пешравии кори КОМ монеъ мешуданд, қатъӣ ва ҷиддӣ дида баромад. Аз прокурори генералӣ талаб кард, ки Қонуни авфро ба роҳ монад. Аз вазири Мудофиа ва вазири корҳои дохилӣ ҳалли масъалаи постҳои ғайиқонуниро дархост намуд. Эълон намуд, ки аз ҳамин ҳафта ислоҳоти Ҳукумат оғоз меёбад. Умуман, маҷлиси гузарондаи Ҷаноби Олӣ ба пешрафти корҳо такони калон дод, ислоҳот оғоз ёфт. Барӯйхатгирии размандагони ИНОТ ва муониаи тиббии онҳо дар тамоми қароргоҳҳои муваққатӣ ба амал омад. Пурра муайян карда шуд, ки ИНОТ бештар аз 5200 силоҳбадаст доштааст. Такрор ҳам шавад — як чизро гуфтаниям, ки шумораи асосӣ, ҳақиқӣ ва дар набардҳо иштирок кардагии онҳо аз 2000 зиёд набуд, бештар аз 3000-и дигаре, ки номнавис шуданд маҷбуран дар қатор монда шуда буданд, ки онҳо ҷавонони 15 то 18 — сола, қисман мактаббачаҳои синфҳои 10-11 (ноҳияи Тоҷикобод, Ваҳдат ва Ленин) ва мардони маъюбу маслуқу камақл буданд, лекин барои мо ҳукуматиҳо шумораи кам ё зиёди онҳо зарурат надошт, аҳамияти зиёд нишон додани размандагонашон барояшон лозим буд.
Тан ба тан бо Гитлер ва Мусолини
—Шумо бо мухолифони силоҳбадаст кор мекардед. Оё ба шумо ва аъзои КОМ дар вақти барӯйхатгирӣ ва муоинаи тиббӣ аз ҷониби размандагон суиқасд ё таҳдид буд?
-Суиқасд ин асосан нақшаи махфӣ аст ва онро ошкор ва пешгӯӣ кардан хеле вазнин аст. Мо пинҳонӣ кор намекардем, қумондонони асосӣ, қаҳрамонони ҳақиқии ИНОТ, ба монанди Мирзохӯҷа Низомов аз ноҳияи Ғарм, Шоҳ аа Ҳоит, Мирзо Зиёев аз Тавилдара, дар ҳақиқат, сидқан тарафдори сулҳ буданд, қариб 60-70% силоҳбадастони ИНОТ (асосиҳояшон) дар зери роҳбарии ҳамонҳо қарор доштанд. Онҳо аз мо дида бештар дар хавф буданд, на аз ҳукуматиҳо, балки аз силоҳбадастони худашон. Ман тарсу ҳарос надоштам. Лекин чандин маротибаҳо ҳолатҳое буданд, ки монанди хурӯсҷанг муноқиша мекарданд, метарсонданд.
Як воқеаро нақл мекунам, ки дар Академ-городоки Ваҳдат рух дод. Ман дар сари чанбарак ва полковник Маҳмадраҳим Холов дар барам ба он ҷо рафтем. Ҳоло мо аз мошин нафаромада Раҳмон Сангинов (тахаллуси Гитлер) дари тарафи ростро кушоду Холовро фаровард ва ҳарфҳои қабеҳ гуфта, 10-15 маротиба таппончаро ба бехи гӯши Холов монда, таҳдиди куштан кард. Ӯ Холовро Ҳайдаров гуфта, ҳарф мезад. Яъне, ӯ фикр кардааст, ки ӯ ман ҳастам. Холов бошад, ҷим, сухане нагуфт, баъди 10 дақиқа ман фаромада, аз дасти Раҳмон гирифта гуфтам:
— Абдураҳмон, Ҳайдаров манам. Чаро ба ин коркуни мо ин қадар дӯғу пӯписа мекунӣ?
Каме истоду гуфт:
-Ҳамаатон ҳукуматиен ва як хелен.
Як воқеаи дигарро ба хотири арвоҳи Ҳабибулло Сангинов нақл мекунам, ки ба Раҳмон Гитлер дахл дорад.
Ҳолатҳои вазнин ба амал омаду КОМ қарор баровард, ки бо ҳамроҳи раиси зеркомиссияамон ба қароргоҳи муваққатии Раҳмон ба Роҳатӣ равем. Ҳабибулло аз тарафи ИНОТ буд ва ба ғайр аз ноҳияҳои Ғарм ба дигар ҷой намерафт. Умуман, барои вай вохӯрӣ бо яроқбадастони тарафи худашон вазнин буд.
Хулоса рафтем. Дар Теппаи самарқандӣ моро пешвоз гирифтанд. Рафта қароргоҳи муваққатиашонро дидем, камбудиҳояшро ба қайд гирифтем. Раҳмон дар деҳаи Маҳмурод ба мо зиёфати хуб дод. Вақти баргаштан дар мошини ман Тағай Раҳмонович, Ҳабиб Сангинов дар мошини худаш, Раҳмон дар мошини худаш ба роҳ баромадем, мон бо сабабе 10 дақиқа дертар ҳаракат кардам. Омада бинам, дар сероҳаи Теппаи самарқандӣ, Раҳмон бо Ҳабиб даст ба гиребонанду аз чор тарафашон навкарҳои Раҳмон ба тирпарронӣ омодагӣ мебинанд. Қариб 10 дақиқаи дигар ҳамроҳи Тағай Раҳмонович таваққуф карда, назорат кардем, вай гуфт канӣ бинем ба чӣ анҷом меёбад. Аз куҷое Мансур, ки қумондони ИНОТ ва хеле бетартиб буд, аммо аз Раҳмон метарсид, омада гуфт, Ҳабиб Сангиновро мепарронем. Ман фаромада назди Раҳмон рафтам дар байнашон истодам ва ба Раҳмон гуфтам:
— “Абдураҳмонҷон, биё як кор мекунем. Яроқҳои худатро як тараф мон, ин солдатҳоятро хомӯш кун, дастони маро банд, ҳардумон як ба як ҷанг мекунем. Агар зӯр баромадӣ, мо розӣ, ҳамаамонро парон, агар мағлуб шудӣ, мо ба касе намерасем, баромада меравем. Дида истодаӣ, ки мо бе яроқем. Истод, як дам хомӯш шуд, Ҳабиб Сангиновро раҳо карду ба танқиди ман сар кард: — “Ту, Ҳайдаров, ҳаёти маро сӯзондаӣ, армия фиристодӣ, аввал Шарқи дур, баъд Ветнам фиристоданд, ман азоб кашидам” ва ғайраҳо. Вақте ки дилашро холӣ кард, ман гуфтам:
-“Агар ман шуморо армия намефиристодам имрӯз командири ин қадар армияи пурқувват ва боҳурмат намебудӣ (силоҳбадастонаш ба як рота басоӣ намекард, корашон ғоратгарӣ буд), Республикаро ба ларза овардаӣ то Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Бангладеш туро шинохта, Абдураҳмонҷон мегӯянд”.
Мулоим шуд, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем, ман гуфтам аз Ҳабиблло бахшиш пурс. Ӯ узр пурсид ва бо димоғи чоқ ба шаҳр омадем. Ҳамин хел ҳолатҳо садҳо маротиб рӯй додаанд, махсусан бо Абдуллои-чакида (Мулло Абдулло) дар Комсолобод. Шайх — Тоҷикобод, Аҳмад -Ҷиргатол, ноҳияи Ваҳдат ва ғайраҳо.
Аз ҳама вазнин барои мо ин размандагони ИНОТ дар ноҳияи Ваҳдат ва Ленин буданд. Дар ин ноҳияҳо ҷанговарони ҳақиқии ИНОТ набуданд, бештар ғоратгарон ва дуздон буданд, ки баъди муроҷиатномаи моҳи октябри соли 1997, ки силоҳбадастонро барои муайян кардани мавқеи худ ва дастаашон муваззаф мекард, ҷамъ шуданд. Дастаҳои хурде, ки дар шаҳри Душанбе ба террору дуздию ғоратгарӣ машғул буданд, якҷоя шуда гурӯҳи Мансур (лақабаш Мусолини) ва Раҳмон (лақабаш Гитлер)-ро ташкил карданд.
Ваҳдат кори дастҷамъист
-Соли 2000-ум фаъолияти КОМ қатъ карда шуд. Оё шумо аз иҷроиши протоколи низомӣ қаноатманд ҳастед?
— Дар умум бале. 31-уми марти соли 2000-ум фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ гадидани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ» баромад. Мо вазифаи дар наздамон гузоштаро бомуваффақият иҷро кардем. Сулҳи тоҷикон барқарор шуд. Комиссияи оштии миллӣ ба муносибати эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ муроҷиатнома қабул карда, аз 3-юми августи соли 1999 роҳбарияти ИНОТ эъломияи худро дар бораи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳ расман паҳн кард ва дар ин бора қарори КОМ қабул шуд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якто шуд.
Мо ба осоишу Ваҳдат расидем. Имрӯз воқеаҳои он шабурӯзро таҳлилу барасӣ карда, ба хулоса меоям, ки мардуми мо чӣ қадар сабуру ботаҳаммул ва бузург аст. Мо тавонистем дастҷамъӣ ба муқобили ҷанг мубориза барем ва ба сулҳ бирасем. Офарин ба мо!
-Рафиқ, полковник. Чанд рӯз қабл шумо мавлуд дошед, 70 — сола шудед. Синни камолотро ба шумо табрик гуфта, барои чунин суҳбати доманадор ба шумо изҳори сипос мекунам.
Мусоҳиб
Одил Нозир, “Тоҷикистон” №26, 27, 2019
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ