115 — солагии аллома Бобоҷон Ғафуров кай таҷлил мешавад?
Дар Тоҷикистон 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад.
Бино ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, моҳи декабри соли равон ба ин муносибат баргузории чорабиниҳои гуногун — нишасту ҳамоишҳо, нашри китобу мақола вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва нақши китоби «Тоҷикон» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, моҳи декабр даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорони он қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафуров моҳи декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.
Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақола оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Дар байни осори академик Бобоҷон Ғафуров китобҳои бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ