Пешгирӣ аз муомилоти 27 тонна гӯшти пастсифат дар Суғд

Дар як сардхона ё амбори нигаҳдории маҳсулот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ошкор карда шудааст, ки бо мақсади истифода дар сехҳои ҳасиббарорӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкори сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд.

«Дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхона дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Б. Ғафуров, нигаҳдорӣ шудани 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оиди сифатнокиии маҳсулот маълумот гирад дарёфт карда шудааст», — гуфт Шарифӣ.

Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба мақомоти давлатии назораткунанда Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия метрология сертификатсия ва нозироти савдо ва ба Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст, ки дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.

Чанде қабл телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз боздошти ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Пӯлотов Азизҷони 19 — сола ва Тоҷибоев Абдухолиқи 33 — сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни аз сӯи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки барои ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши беш аз 2 тонна гӯшти кирмкардашудаи чорво машғул шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *