Файзиддин Қаҳҳорзода

115,7 млрд сомонӣ ММД-и Тоҷикистон дар соли 2022

Ҳаҷми ММД дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ ба 115,7 млрд сомонӣ баробар гардидааст.

Ин нуктаро Файзиддин Қаҳҳорзода — вазири молияи кишвар зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 17-уми феврал баргузор шуд, ба рӯзноманигорон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, «суръати афзоиши воқеии ММД ба 8 фоиз баробар гардидааст».

Зикр гардид, ки рушди иқтисодӣ аз ҳисоби соҳаҳои саноат 15,4 фоиз, кишоварзӣ 8,0 фоиз, маблағгузорӣ ба сармоягузори асосӣ 11,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 16,0 фоиз, мусофиркашонӣ 13,0 фоиз, гардиши савдо 11,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 14,9 фоиз таъмин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *