4 нафар ба ҳалокат расид, ронандаи фирорӣ дастгир шуд
Ронандаи 55-солаи аз ҷои ҳодиса фироркардаро муайян ва дастгир кардаанд.
Соати сеюними шаби 27 октябр бар асари ба девори бетонии байни роҳ бархӯрдан ва ба дарёи Душанбе чаппа шудани мошини «Мерседес” дар маҳаллаи Хуҷамбиёи болои пойтахт ронандаи 31-сола ва як мусофири ин мошин – духтари 18-сола ба ҳалокат расида, 4 мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Соати 05:10 сокини 32-солаи шаҳраки Шӯроб дар роҳи Исфара-Шӯроб зери чархи «Ҳундай” ҷон бохтааст. Ронандаи 55-солаи аз ҷои ҳодиса фироркардаро муайян ва дастгир кардаанд.
Соати 17:30 дар натиҷаи ба дарёи Ғунд чаппа шудани як «Тангем” дар мавзеи Боғеви ноҳияи Шуғнон ронандаи 48-солаи ин мошин ҷон бохтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ