12 бархӯрди шадиди Ҳамос ва Исроил
Reuters ҷадвали ҳаводисеро нашр кардааст, ки аз соли 2005, аз замони ақибнишинии Исроил аз Навори Ғазза то ба имрӯз байни гурӯҳи “Ҳамос” ва неруҳои Исроил ба вуқуъ пайвастааст.
Августи 2005: Неруҳои исроилӣ пас аз 38 соли ишғоли Навори Ғазза ин минтақаро тарк карда, назорати онро ба мақомоти фаластинӣ супурданд.
25-уми январи 2006: Гурӯҳи “Ҳамос” аксар курсиҳоро дар интихоботи порлумонии Фаластин гирифт. Дар пайи худдории “Ҳамос” аз боздоштани хушунатҳо ва сарпечӣ аз эътирофи Исроил, Вашингтон ва Телавив ёриҳои молиро ба фаластиниҳо бас карданд.
25-уми июни 2006: Ниманизомиёни “Ҳамос” сарбози исроилӣ Гилад Шалитро дар минтақаи марзӣ асир гирифта, ба Навори Ғазза бурданд. Исроил дар вокуниш ба ин иқдом ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи баъзе аз ҳадафҳои “Ҳамос” анҷом дод. Шлит баъд аз панҷ сол, ҳангоми иваз кардани асирон, озод шуд.
14-уми июни 2007: “Ҳамос” дар як ҷанги дохилии кӯтоҳ Навори Ғаззаро ба тасарруфи худ даровард ва неруҳои “Фатҳ”, ҷунбиши вафодор ба Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластинро аз ин минтақа берун кард.
27-уми декабри 2008: Дар пайи партоби мушакҳои “Ҳамос” ба ҷануби Исроил артиши ин кишвар ҷанги 22-рӯзаро алайҳи ниманизомиён дар Ғазза оғоз кард. Дар ин ҷанг 1400 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.
14-уми ноябри 2012: Исроил тайи амалиёте Аҳмад Ҷабборӣ, фармондеҳи шохаи низомии “Ҳамос”-ро кушт ва дар пайи он ҳамлаҳои мушакӣ аз Навори Ғазза ба Исроил ва ҳамлаҳои ҷавобии ҳавоӣ ба мавзеи фаластиниҳо ба муддати ҳашт рӯз идома ёфт.
Июл — августи 2014: Дар пайи рабуда ва кушта шудани се навҷавони исроилӣ аз ҷониби “Ҳамос” як ҷанги тақрибан думоҳа миёни тарафҳо сурат гирифт. Дар ин набардҳо 2100 фаластинӣ ва 73 исроилӣ, аз ҷумла 67 нерӯи артиши ин кишвар кушта шуданд.
Марти 2018: Тазоҳуроти фаластиниҳо дар сарҳади Ғазза бо Исроил оғоз шуд. Сарбозони исроилӣ барои ақиб рондани норозиён оташ кушоданд. Дар ин тазоҳурот, ки чанд моҳ тӯл кашид, зиёда аз 170 фаластинӣ кушта шуда, неруҳои “Ҳамос” ва Исроил низ вориди набард шуданд.
Майи 2021: Пас аз ҳафтаҳо таниш дар моҳи Рамазон садҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо неруҳои амниятии Исроил дар атрофи масҷиди “Ал-Ақсо” дар Байтулмуқаддас, макони севуми муқаддаси мусулмонон захмӣ шуданд. “Ҳамос” бо сар додани мушак ба хоки Исроил хост, ки неруҳои амниятии ин кишвар аз масҷиди “Ал-Ақсо” берун шаванд. Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғазза посух гуфт. Дар ин набардҳо, ки ёздаҳ рӯз идома кард, 250 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.
Августи 2022: Дар пайи ҳадаф қарор гирифтани як фармондеҳи аршади гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” тавассути Исроил набарди серӯза миёни фаластиниҳо ва Исроил оғоз шуд. Дар натиҷаи он 44 фаластинӣ, аз ҷумла 15 кӯдак кушта шуданд. Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба фармондеҳон ва анборҳои аслиҳаи “Ҷиҳоди исломӣ” як “амалиёти пешгирона” барои ҷилавгирӣ аз тарҳи ҳамлаи эҳтимолии ин гурӯҳи зери пуштибонии Эрон дар Навори Ғазза номид. “Ҷиҳоди исломӣ” дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳи аршади худ беш аз ҳазор мушакро ба самти Исроил ҳаво дод.
Январи 2023: Пас аз ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба паноҳгоҳи оворагон ва куштани ҳафт марди мусаллаҳи фаластинӣ ва ду ғайринизомӣ, “Ҷиҳоди исломӣ” аз Навори Ғазза ба самти Исроил ду мушак партофт. Ин иқдом талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғазза ҷавоб дод.
Октябри 2023: “Ҳамос” бо ҳамлаи ғофилгиронаи мушакӣ ва вуруди ниманизомиёнаш ба хоки Исроил муддаии бузургтарин ҳамла ба Исроил тайи солҳои гузашта шуд. Гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” мегӯяд, ки неруҳояш ба ин ҳамла пайвастаанд. Артиши Исроил эълом кард, ки дар шароити ҷангӣ қарор дорад ва неруҳои захираро фаро хонду ҳамлаҳоро алайҳи “Ҳамос” дар Ғазза оғоз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ