12 медали тилло- дастоварди мактаббачагони тоҷик
Аз 20 то 26-уми майи соли 2018 дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Олимпиадаи 7-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид. Дар он дастаи миллии мактаббачагони Тоҷикистон сазовори ҷои аввал шуд.
Дар Олимпиада толибилмон аз 15 кишвари олам, аз ҷумла, аз Ҳиндустон, Тоҷикистон, Афғонистон, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бангладеш, Непал, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Руминия иштирок намуданд.
Бори дуввум аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок мекунад. Дастаи миллии Тоҷикистон дар ин санҷиши донишу маҳорат бо 27 мактаббача иштирок намуда, 12 медали тилло ба даст овард. Ҳамаи аъзои дастаи мо соҳиби медал (ё тилло, ё нуқра ва ё биринҷӣ) шуданд. Аз рӯи шумораи медалҳои тилло мактаббачаҳои тоҷик дар ин Олимпиадаи бонуфуз ҷои аввалро ишғол намуданд.
Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки 26 май баргузор гардид, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба ҳайси меҳмон ҳузур доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ