Бар пояи қонуни нави «Алоқа»-и Қазоқистон, ширкатҳои мобилии ин кишвар аз 1 январи соли 2019 ҳақ надоранд, ба муштариёне хидмат расонанд, ки рамзи IMEI-и телефонҳояшонро сабт накардаанд.
«Дар ҳоли ҳозир, аз 26 миллион муштарӣ танҳо 14 миллион аз қайд гузаштаанд. Эҳтимол меравад, чанд миллион қазоқистонӣ шаби соли нав натавонанд, ёру дӯстон ва наздикони худро табрик кунанд», — мегӯяд Михаил Чирков, вакили порлумони Қазоқистон.
Шакли кӯтоҳшудаи IMEI- Рақами байналмиллалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад. Мақомот ва ширкатҳои мобилӣ тавассути ин рақам як телефони мобилиро аз дигар фарқ мекунанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ба хотири пешгирӣ аз дуздии телефонҳои мобилӣ ин тасмимро рӯи даст гирифтаанд. Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли равон 40 ҳазор телефони мобилӣ дар Қазоқистон дуздида шудааст.
Ба гуфтаи пулиси Қазоқистон, ҳангоми қайди дастгоҳ метавон тағйири симкортро низ хомӯш сохт, ки дар сурати дуздида шудани он пайдо карданаш хеле осон мешавад. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, сокинони Остона барои қайди IMEI-коди телевонҳояшон шитоб надоранд.
Даврон Абаев, вазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон мегӯяд, шомил кардани мушаххасоти телефонҳои мобилӣ ба иттилои шахсии шаҳрвандон ҳеч ҷанбаи ғайриқонунӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ин иттилоъро бо ҳадафҳои дигар истифода намекунанд. Мақомот мегӯянд, ин иқдом ҳамчунин барои пок кардани пойгоҳи муштариён аз рақамҳое, ки истифода намешаванд, мусоидат мекунад.
Шарҳ