Гумручие аз Душанбе зиёда аз 12 миллионро аз худ карда, 20 сол гирифт
Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нуъмонзода Сомон Саидӣ, нозир-хазиначии шуъбаи молия ва хоҷагии раёсати гумруки шаҳри Душанберо бо гуноҳи сӯиистифода аз мансаб ва сохтакорӣ ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Суд Нуъмонзодаро дар тасарруфи 12,3 миллион сомонӣ (беш аз як миллион доллар) маблағҳои давлат гунаҳкор шинохт. Прокуратураи генералӣ гуфт, Нуъмонзода тавассути соҳибкор Ҳайдаров А.Н, ва декларант Сафаров Ш.Р. «ғайриқонунӣ маблағҳои хазинаро ба номи ширкатҳои тиҷоратии Ҳайдаров интиқол дода, расидҳои қалбакӣ оиди қабули маблағ тартиб додаааст.”
Нуъмонзода Сомон Саидӣ дар вазифаи нозир-хазиначии шӯъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ва декларант Сафаров Ш.Р. барон ба расмият даровардани молу маҳсулотҳои аз Ҷумҳурии Халқии Чин вориднамудаи соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ғайриқонунӣ маблағҳои хазинаро ба номи ширкатҳои тиҷоратии пешниҳоднамудаи охирин интиқол дода, расидҳои қалбакӣ оиди қабули маблағ тартиб дода, ба соҳибкор Ҳайдаров А.Н. пешниҳод намудааст.
Минбаъд, Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р. дар асоси расидҳои пешниҳоднамудаи Нуъмонзода С.С. молу маҳсулотҳои ворид намударо ба расмияти гумрукӣ дароварда, бо ин роҳ маблағи 12 313 364, 47 сомониро тасарруф намудаанд.
Аз тарафи Прокуратураи генералӣ нисбати Нуъмонзода С.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ), 36 қисми 2-289 қисми 4 бандҳои «а,б» (қочоқ), 314 қисми 1 ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди ин ноҳия аз 10 сентябри соли 2020 Нуъмонзода С.С. дар содир намудани ҷиноятҳои ба ӯ эълонкардашуда пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва ҷавобгарии моддӣ дошта ба муҳлати 5 сол, бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.
Аз ҳисоби судшаванда Нуъмонзода С.С. маблағи зарари расонидашуда ба фоидаи давлат рӯёнида шуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ