12 нафар соҳиби нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва муассисаҳои тобеи он бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре ки аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар маросими супоридани туҳфаҳо вазири маориф ва илм Нуриддин Саид барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 12 нафар нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба 7 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ