12 сол раиси Бонки миллӣ. Муродалӣ Алимардон зодрӯз дорад

Имрӯз, 20-уми апрел Муродалӣ Алимардон, замоне раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ахиран раиси “Агроинвестбонк” 62-сола шуд.

Тавре аз тарҷумаи ҳоли Муродалӣ Алимардон бармеояд, ӯ зодаи шаҳри Ҳисор ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар риштаи иқтисод аст. Фаъолиятро аз соли 1983 дар филиали «Агробонк»-и Чептура оғоз кардааст. Соли 1991 ба ҳайси идоракунандаи шуъбаи «Агробонк»-и ноҳияи Ҳисор фаъолият намуда, охири соли 1993 ҳамчун президенти Бонки саноати аграрии «Шарқ» адои вазифа намудааст.

Беш аз 12 сол, яъне аз декабри соли 1996 то соли 2008 ба ҳайси раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 26-уми январи соли 2008 ба вазифаи муовини Сарвазири мамлакат таъйин шуда буд. 23-юми ноябри соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба вазифаи муовини Сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд.

Аз 1-уми апрели соли 2015 аз ин вазифа озод шуда, ба ҳайси раиси ҶСК «Агроинвестбонк» то барҳамхӯриаш кор кард.

Аз моҳи ноябри соли 2021 инҷониб дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” мудирони махсус фаъолият доранд. Бонки миллӣ иҷозатномаи ин ду бонкро 21-уми майи соли 2021 бозхонд карда буд.

Тибқи қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Раҳимҷон Шарифов дар «Агроинвестбонк» ва Фаррух Нуритдинов дар «Тоҷикcодиротбонк» ҳамчун мудири махсус раванди барҳамдиҳии бонкҳоро роҳбарӣ мекунанд. Дар асоси қонун, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи ду бонки муфлисшударо фурӯхта, пасандози мардумро баргардонанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *