12-сол зиндонӣ шудани корманди гумрук
Додгоҳи шаҳри Душанбе як корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистонро барои додани санадҳои тақаллубӣ ба воридкунандагони мошинҳои сабукрав ба кишвар ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Муҳибулло Додохонов, корманди ҳамакнун собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон бар асоси моддаи 340 қисми 2 , яъне “cохтакорӣ”, 247 қисми 4, банди б, яъне “қалобӣ ба миқдори махсусан калон” муттаҳам дониста мешавад.
Як манбаъ аз додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, ин нафар бо роҳи тақаллубкорӣ наздик ба 500 ҳазор сомониро аз худ кардааст. Ин манбаъ бидуни зикри номаш гуфт: ”Додохонов ба воридкунандагони мошинҳоисабукрав ҳангоми супурдани маблағ барояшон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи супурдани боҷи гумрукӣ медодааст, аммо дар асл аз он ҳисоб маблағи хеле камро расман ворид мекардааст. Пас аз тафтиш маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои додаи ӯ сохтакорӣ буда, дар асл ӯ миқдори хеле ками маблағро ба буҷаи давлат ворид мекардааст”.
Масъули додгоҳ гуфтааст, ки пас аз ошкор шудани ҷиноят Додохонов фирор кард, вале бо гузашти як моҳ боздошт шуд. Аз рӯи қонун, маҳкумшуда имкон дошт баъди барқарор кардани зарари молии расонидааш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва ё мӯҳлати ҷазояшро сабуктар кунад, вале ӯ ҷуброн намудани зарарро рад кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ