12-уми май: Санае, ки пайванд ба “Шашмақом” ва Барно Исҳоқова дорад

Санаи 12-уми май дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон Рӯзи “Шашмақом” таҷлил гардид. Дар ин рӯз аз шашмақомсарои машҳури тоҷик Барно Исҳоқова ёд карда шуд.

Барно Исҳоқова 12-уми майи соли 1927 дар шаҳри Тошканд таваллуд шуда, фарзанди якуми Берах Авроми Захариё (1903-1935) ва Роҳил (1909-1971) аст. Номи расмиаш Бахман буд, аммо дертар ӯро Барно номиданд.

Падари Барно Исҳоқова, ки дар ширкати “Торгсин”-и Тошканд соҳибкорӣ мекард, соли 1935, дар 32-солагӣ даргузашт. Барно ва бародараш Иляро ба ятимхонаи Тошканд доданд. Модар ба тарбияи фарзандони хурдӣ машғул шуд. Ӯ дар парваришгоҳ ба сарояндагӣ сар кард ва овозааш то гӯши мақомоти радиои Тошканд расиду ӯро дар 15-солагӣ ба кор гирифтанд.

Барно Исҳоқова дар ягон мактаби мусиқӣ таҳсил накарда буд. Роҳи ӯ ба ҳунару овозхонии касбӣ соли 1950 боз шуд. Он замон модари ду тифли хурдсол аз Самарқанд ба Душанбе ба аёдати наздикон рафт ва бо мадади писари аммааш Нериё Аминов дар назди Фазлиддин Шаҳобов, устоди мусиқии суннатии тоҷик садову ҳунари худро намоиш дод. Шаҳобов, ки ҳамроҳ бо Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев ва ҳунарварони дигар саргарми ташкили ансамбли нави “Шашмақом” буд, ба ҳунари Исҳоқова баҳои баланд дод ва ӯро ба кор дар радиои давлатии Тоҷикистон даъват кард.

Барно Исҳоқова соли 1977 ба нафақа баромад ва корро ба ҳайси устоди овозхонии классикӣ дар донишгоҳ идома дод, унвони профессорро соҳиб шуд ва то замони тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 1991 шогирд тарбия кард.

Сафари ҳунарӣ ба шаҳри Рамлӣ, ки як ҳафта баъди бистарӣ шуданаш дар беморхона барпо шуд, охирин консерти Барно Исҳоқова гардид. Ӯ дар 74-солагӣ, 9-уми сентябри соли 2001, рӯзе, ки дар Тоҷикистон 10-солагии Истиқлолиятро таҷлил мекарданд, даргузашт. Баъди даргузашташ кӯчаеро дар шаҳри Петах Тикваи Исроил ба номи Барно Исҳоқова гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *