120 ҳазор доллар кӯмаки сафорати Афғонистон ба донишҷӯёнаш дар Душанбе

Сафорати Афғонистон дар Душанбе барои ҳудуди 400 донишҷӯи ин кишвар дар Тоҷикистон 300 – долларӣ дар маҷмуъ 120 000 ҳазор доллар кумак кард, хабар медиҳад “Sputnik Тоҷикистон”.

Тавре манбаъ аз забони Мӯҷибуллоҳ Охундзода, мудири бахши фарҳанги сафорати Афғонистон хабар медиҳад, ин маблағ аз сӯи ҳукумати Афғонистон барои донишҷӯёне, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, ҷудо гардида буд.

«Ба ин далел, ки соли таҳсил дар Тоҷикистон ба далели густариши «вируси корона» барвақт хатм ва марзҳо баста шуданд, донишҷӯёну унвонҷӯҳои мо дар Душанбе банд монданд ва хонашин шуданд. Ба ҳамин минвол шароити иқтисодии онҳо низ душвор шуд. Сафорат аз ҳукумати Афғонистон хост, ки онҳоро дастгирӣ кунанд ва ҳамин кӯмаки якдафъина ба онҳо ироа шуд«, — гуфт Мӯҷибуллоҳ Охундзода.

Сулаймон Суруш, раҳбари Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистони муқими Тоҷикистон, ба манбаъ гуфтааст, ки ёрипулии сафорат 25 июни соли равон ба тамоми онҳое, ки донишҷӯи макотиби олӣ, магистратура ва унвонҷӯи докторӣ ҳастанд, дар бинои сафорат фақат бо пешниҳод кардани шиноснома тақсим шудааст.

«Дар даврони хонашиниҳои «вируси корона» вазъи молиявии ҳамаи онҳо ба вахомат гароида буд, зеро аксари онҳо иҷорашин буданд ва иддае ҳам фарзандони одамони фақир буданд, ки дар худи Афғонистон ба мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ шуда буданд. Мо чандин маротиба ба сафорати Афғонистон дар Душанбе муроҷиат карда, ёрӣ хоста будем», — гуфт Сулаймон Суруш.

Тибқи иттилои Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистон, дар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳудуди 400 донишҷӯ, магистрант ва унвонҷӯ, аз ҷумла 370 нафар бо бурсияҳои ҳукумати Тоҷикистон ва бақия ғайрибурсия – бо маблағи худ таҳсил мекунанд. Бино ба ин манбаъ, соли равон 35 шаҳрванди Афғонистон макотиби олии Тоҷикистонро хатм кардаанд.

Бояд гуфт, ки донишҷӯёни афғон дар тамоми риштаҳо, қабл аз ҳама тиб, ҳуқуқ, иқтисод, фанновариҳои ҷадид, таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *