«Пашинян хиёнат кард!” нидо мекунанд тазоҳургарон

11-уми ноябр дар Ереван нирӯҳои полис бо эътирозгароне, ки мухолифи созиши оташбас бо Озарбойҷон ҳастанд, задухӯрд карданд. Созиши оташбас барои хотима додан ба ҷанги Қаробоғи кӯҳӣ бо миёнҷигарии Русия баъди шаш ҳафта даргириҳо ба имзо расид.

11-уми ноябр алорағми манъи гирдиҳамоиҳо ҳазорон тазоҳургар ба Майдони Озодии Ереван рехтанд. Издиҳоми хашмгин “Никол хиёнаткор аст” фарёд мекашидан ва пулис мехост, онҳоро пароканда кунад. Ба иттилои аъзои ҳизби “Арманистони шукуфо” маъмурони пулис раиси ҳизб Гагик Тсарукянро боздошт кардаанд.

Дар Озарбойҷони ҳамсоя, баръакс, имзои созиши сулҳ дар Қаробоғи куҳӣ мояи шодиву хурсандии мардум шуд. Рӯзи 10-уми ноябр, баъди эълони хабари имзои созиши оташбас мардуми норозӣ аз ин иқдоми Никол Пашиниён нахуствазири Арманистон ба биноҳои парлумон ва ҳукумат ҳуҷум ва харобкорӣ карданд. Намояндагони 17 ҳизби сиёсӣ аз Пашиниён хостанд, истеъфо бидиҳад, чун, ба гуфтаи онҳо, Арманистон ба гузаштҳои хеле ҷиддӣ роҳ дод.

Зимни суханронӣ дар раҳпаймоӣ Ишган Сагателиён, раҳбари Федератсияи инқилобии Арманистон (ё ҳизби “Дашнактсутюн”) иддао кард, ки “ҷангро ба мо” Пашиниён ва “сиёсатҳои нодурусти ӯ” овард. Сагателиён гуфт, ки дар давоми ҷанг ӯ “беамаливу хиёнатро ба намоиш гузошт”.

Пулиси Арманистон рӯзи 11-уми ноябр ҳушдор дод, ки баргузор кардани тазоҳурот мухолифи Қонуни ҳолати ҷангӣ аст. Тигран Авиниён, муовини нахуствазири Арманистон, ки дар телевизион суҳбат мекард, истеъфои ҳукуматро аз эҳтимол дур надонист, вале аз талоши “табаддулот” ҳушдор дод. Ӯ гуфт, “мехоҳам ҳама нирӯҳои сиёсиро мутақоид кунам, ки талоши доштани моҳӣ дар оби тира ва дар шароити қонуни ҷанг намоиши таҳаммулнопазирӣ аст”. Ӯ гуфт: “Агар зарур бошад, ин ҳукумат меравад, ҳукумати нав интихоб мешавад, вале на ман ва на дигар узви тими мо ба ҳеҷ гуна талоши табаддулот роҳ намедиҳад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *