Салимзода ба нафақа рафт, Воҳидзода ҷойгузини ӯ шуд

Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд ва ба ҷои ӯ  Ҳабибулло Воҳидзода, собиқ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми ноябр ба тасвиб расидааст. Ссабаби аз кор гирифтани Шерхон Салимзода ба синни нафақа расидани ӯ гуфта мешавад . Ба ҷойи Шерхон Салимзода Ҳабибулло Воҳидзода, собиқ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Шерхон Салимзода 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик зода шуда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияташро соли 1980 аз кор дар мақоми ҳуқуқшиноси иттиҳодияи «Селхозхимия»-и Кӯлоб оғоз карда, баъди хизмат дар артиш ба кор дар мақомоти додситонӣ дар ВМКБ гузаштааст.

Ӯ ба ҳайси ёвари калони додситон, муфаттиши калони додситонии ВМКБ, баъдан дар мақомоти ҳизбӣ дар ВМКБ ва Кӯлоб, сипас ба ҳайси додситони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар кор кардааст.

Аз соли 1998 то 2002 додситони шаҳри Душанбе буда, аз соли 2002 то 2007 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2007 бо фармони президент  роҳбари ниҳоди навтаъсис – Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардид. Аз моҳи июни соли 2009 мушовири давлатии президенти Тоҷикистон ва аз январи соли 2010 ҷойгузини Бобоҷон Бобохонзода дар мақоми Прокурори генералии  Тоҷикистон шуд.

Соли 2015 аз мақоми  Прокурори генералии  Тоҷикистон озод гардид ва баъдан ба ҳайси раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуда буд.

Солҳои охир дар мақоми директори Агентии назорати маводи нашъаовар кор мекард.

Ҷойгузини Салимзода  Воҳидов Ҳабибулло Сайдуллоевич қаблан прокурори вилояти Суғд буд. Фаъолияти меҳнати ӯ чунин сурат гирифтааст:

Соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст

Аз соли 1988 – коромӯз-прокурори шӯъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа

Аз соли 1989 – коромӯз-муфаттиши прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа

Аз соли 1989 – муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул

Аз соли 1993 – муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон

Аз соли 1994 – сардори шӯбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон

Аз соли 1996 – Прокурори ноҳияи Фархор

Аз соли 1998 – Прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе

Аз соли 2002 – Прокурори шаҳри Душанбе

Аз соли 2007 – сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз соли 2011 – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз феврали соли 2015 – Прокурори вилояти Суғд

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *