121,5 ҳазор талаба аз ташхиси СПИД мегузаранд

Дар се шаҳри Тоҷикистон мактаббаччагонро аз ташхиси СПИД мегузаронанд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба Маркази мубориза ва пешгирии ҷумҳуриявии ВНМБ. Байни мактабхонони шаҳри Душанбе, Турсунзода ва Кӯлоб гирифторони СПИД-ро муайян хоҳанд кард.

«Ташхис  ба пайдо кардани саривақтии ВИЧ байни мактабҳои шаҳрҳои мазкур нигаронида шудааст», — мегӯяд муовини мудири марказ Дилшод Саидбурҳонов.

Ташхиси хонандагон то 10 феврал баргузор мешавад. Дар ин вақт мутахассисон аз 118,7 ҳазор нафар хонадаи синфҳои 1 то 11 хун мегиранд.

Ҳамин тавр, дар Душанбе 68,4 ҳазор мактабхон, Турсунзода — 32,3 ҳазор хонанда ва Кӯлоб бештар аз 20,8 ҳазор толибилм аз ташхиси СПИД мегузаранд.

Гуфта мешавад, барои гузаронидани тахшис розигии волидонро низ мегиранд. Дар рафти гирифтани хун роҳбари синф, намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳозир хоҳанд буд.

Натиҷаҳои ташхисро дар ҳолати пайдо кардани вирус шахсан ба волидони талаба хабар медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *