Занҳои суғдӣ, мушкилоти №1 онҳо чист?
Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 7 зан дар вилояти Суғд қурбони зӯроварӣ мешавад. Албатта, ин мувофиқ ба таҳлилҳои коршиносон аст. Доир ба ин ва чандин суолҳои дигар бо Сабоҳат Бобоҷонова, роҳбари маркази кумакрасонӣ ба занҳои ҷабрдида — “Гулрухсор” суҳбате доштем.
-Муаллима, шумо ҳамарӯза аз мушкилоти занони вилоят огоҳӣ доред. Мегуфтед, ки чӣ қадар занон сари мушкилиҳои худ ба марказ муроҷиат карданд?
-Танҳо дар давоми соли 2015 ба маркази мо 3084 зан муроҷиат карданд. Ва дар нимсолаи 2016 ба ин марказ 1002 нафар зан муроҷиат намуданд.
-Занон асосан бо кадом муаммоҳо ба шумо муроҷиат мекунанд? Ва сабаби афзоиши шумораи муроҷиаткунандагон дар чист?
-Аксарияти занони ба мо муроҷиаткунанда бо муаммои ҳуқуқӣ ва равонӣ меоянд. Масалан, танҳо дар давоми шаш моҳ 604 нафар зан бо муаммои ҳуқуқӣ ва 229 нафар бо ин гуна муаммои равонӣ ба марказ омадаанд. Ба муаммои манзил бошад дар давоми шаш моҳ 15 нафар муроҷиат кардаанд, ки баъди бархести муаммоҳои оилавӣ дар кӯча монда мехоҳанд дар хонаи шавҳари худ маскун шаванд. Имрӯз муаммои маскун кардани келинҳо муаммои №1 занони Суғд гардидааст. Қисми зиёди муноқишаҳое, ки ҳатто ба сӯйқасд ва куштор оварда расонидааст маҳз масъалаи маскун кардани келинҳо аст. Тасаввур кунед, ки ду палонҷ (кундош, буғҷон)-ро дар таги як айвон ҷо мекунанд. Магар дар ҳамин ҳалот онҳо беҷангу ҷидол ба сар мебаранд?
Аммо теъдоди муроҷиаткунандагон аз рӯи категорияи муаммоҳои шаҳвонӣ, ҷисмонӣ, кӯшиши сӯйқасд, тиббӣ, иттилоотӣ, ҷӯстуҷӯи манзили зист ва ғайра камтар аст. Сабаби асосии муроҷиати бонувон нофаҳмии дар хонаводаҳояшон буда, ки аз ҷониби шавҳар, хушдоман ва ё наздикони шавҳар мавриди хушунату озор қарор гирифтаанд.
— Умуман вазифаи марказ аз чӣ иборат аст?
-Вазифаи асосии марказ пеш аз ҳама шунидани дарди занон аст. Вақте онҳо дар ҳарду оила — ҳам дар оилаи шавҳар ва ҳам дар хонаи падар ягон дардшунав намеёбанд, ба назди мо меоянд. Якум вазифаамон гӯш кардани дарди бонувон бошад, дуюм расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва сеюм маслиҳати психологӣ. Зеро имрӯз муаммои хушунат ва озори ҷинсии занону духтарон ва ҷустуҷӯйи роҳҳои рафъи ин мушкилот ҳамеша проблемаи №1 маънавии занону духтарон аст. Ташкилоти мо барои ҳимоят аз духтарон аст, ки дар сурати бурузи буҳронҳои хонаводагӣ, монанди хушунат ва озори ҷинсӣ ва ҳамчунин дар сурати қочоқ шудан ва истисмори ҷинсӣ барои духтарони ҷавон сарпаноҳ ё паноҳгоҳи муваққатиро ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ фароҳам меорад.
-Занҳо бештар бо кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?
-Аз чор навъи хушунат хушунати ҷинсӣ вақтҳои охир зиёд ба мушоҳида мерасад. Аммо мардуми мо бо он ки ба дарди хушунатшудагон ва таҷовузшудагон расидагӣ намекунанд, ҷабрдидагон бар замми ин нохушӣ боз азоби рӯҳӣ ва ҳисси танҳоӣ низ мекашанд. Жарфтар ба умқи дарди дили онҳо расем, сабаби асосии муроҷиати онҳо гирифтори хушунати ҷинсӣ шуданашон аст.
Баъзе духтаронро бо роҳи фиреб ё нафаре зӯран бадном мекунад. Ҳарчанд дар ин ҳолат ӯ гунаҳкор нест, вале волидайн аз вай рӯй мегардонанд, наздикону шиносон ҳам аз вай канораҷӯӣ мекунанд, илова бар ин, аз таҳқири атрофиёнаш ӯ метавонад ба шахсони гумроҳ ҳамроҳ шавад. Пеш аз он ки онҳоро таҳқиру маломат намоем, сабаби ба ин роҳ рафтани онҳоро ҷӯё шудан даркор аст.
-Оё тӯли фаъолияти худ марказ ба занони гирифтори хушунати иқтисодӣ ёрии моддӣ расонидааст?
-Дар таҷрибаи кори мо шудааст бечора зан ба қавле “аз ин мондаву аз он ронда” шуда, дар кӯча мондааст. Ин ҳолат дар фасли зимистон буду зан дар бараш ду кӯдак дошт. Барои ёрии моддӣ расонидан ба ҳамин гуна занон мо бо ташкилотҳои гуногун аз ҷумла “Фонди мурувват”, “Ҳилоли Аҳмар” ва бонки “Арванд” ҳамкорӣ дорем, ки дар чунин мавридҳо барои дасти занонро гирифтани мо мусоидат мекунанд.
-Шумораи умумии занони ба марказ меомада дар кадом синну соланд?
-Ба маркази мо аз занону навхонадороне, ки ҳанӯз келинҳои якҳафтаина ҳастанд, муроҷиат кардаанд. Дар баробари ин онҳое, ки ба барпо кардани оилаашон 45-50 сол сипарӣ шудааст, наберадор, ҳатто аберадоранд низ меоянд. Аммо синну соли миёнаи занҳо камтар меоянд.
-Келинҳо аз хушмодан бештар шикоят мекунанд ё аз шавҳар?
-Аксарияти келинҳо иброз медоранд, ки айби мо танҳо сабаби пайваста бевақтии шаб ба хона омадан ва ё дар нимашабӣ зангҳои телефонӣ шуданашро аз шавҳарҳоямон пурсидан. Охир кадом зан ин гуна саволҳоро ба шавҳараш намедиҳад. Албатта занон, ба хусус навоиладорон аз хушдоманҳояшон бештар шикоят мекунанд, ки ба ҳар кори мо айб мемонад ва баҳудаю беҳуда ғурбат мекунад.
-Хушдоманҳо чӣ?
-Хушдоманҳо натанҳо аз келин шикоят мекунанд, балки аз писарашон низ. Келинҳояшонро аз ҳар гапу кори ӯ эрод мегиранд. Аз кору зиндагидорияш то хӯрокхӯриву либсопӯшияш. Мегӯянд, ки келини мо мисли мо рафтор намекунад, либос намепӯшад ё дигару дигар. Ё ин ки аз писарашон шикоят мекунанд, ки писарам баъди зан гирифтанаш нисбати ман меҳраш кам шудааст, ба ман кам аҳамият медиҳад, барои занаш ин чизу он чиз мехарад, аммо барои ман не…
Вақте мо мегӯем, ки оё худи шумо замони нав келин буданатон оё тез рамуз гирифта будед? Дар ҷавоб хомӯш мемонанду хатои худро мефаҳманд….
-Шумо зикр кардед, ки ба ин марказ на танҳо келину хушдоманҳо, балки хусурон ҳам муроҷиат мекунанд. Хусурҳо аз чӣ шикоят мекунанд?
-То имрӯз ягон хусур барои шикоят наомадааст. Кадом хусуре, ки меояд, хоҳишу илтимос мекунад, ки барои ҳалли нофаҳмии дар оилаашон буда мусоидат намоем. Ҳатто онҳо келинҳои худро таъриф мекунанд, ки ӯ ягон айб надорад, аммо хушдоманаш ё шавҳараш “аз зери нохун чирк мекобад”. Нисбат ба хушдоманҳо хусурҳо бамаротиб ободихоҳу ботамкин ва дурандешанд.
-Оё шудааст, ки ба ин марказ мардҳо шикоят аз зан не, модар карда омада бошанд?
-Албатта, ба маркази мо мардҳо низ меоянд. Хосатан онҳое, ки ҳамсарашон ба ягон роҳи нодуруст қадам мондааст. Аммо қисми зиёди мардҳо тамоми айбу камбудро ба души занҳо бор карда мегӯянд, ки онҳо нисбати ҳамсари худ ягон рафтори ноҷо ва ё ҳарфи носазо нагуфтаанд, вале завҷаашон кӯрнамакӣ кардааст ё хиёнат. Аз як ҷиҳат барои мардҳо ҳам осон нест. Гоҳо мешавад, ки онҳо миёни обу оташ мемонанд — аз як сӯ зан, аз сӯи дигар модар. Гоҳ-гоҳ шикоят мекунанд, ки модар мегӯяд, ки ё маро гӯй ё ҳамсаратро, гоҳи дигар шикоят аз он мекунанд, ки занам мегӯяд, ки ё модаратро гӯй ё маро.
-Мутолиаи шикоятҳое, ки оид ба ахлоқи навоиладорон ба нашр мерасад, собит месозад, ки шумораи мардони ба истилоҳ “ойимбоз” дар ҷомеаи мо зиёд шудааст. Назари шумо ба ин масъала.
-Имрӯз ба истилоҳ “ойимбозӣ” байни мардон ба тариқи қувваозмоӣ сурат мегирад. Гӯё ҳар нафаре, ки дар атрофу бараш ойимони зиёд дорад, “марди майдон” аст. Аксарияти он мардоне, ки аз сари шавқу ҳавас оимбозӣ карда мегарданд, дар охир ба ҳамон зани аввалаи худ, зани ҳалолу никоҳияшон зор мегарданд, узр мепурсанд, вале дар бештар маврид он узрҳо “узри бадтар аз гуноҳ”-ро мемонад. Зеро мардҳое, ки танҳо хушию дилхушии худро фикр мекунанд, натанҳо оилаи худ, балки оилаи ҳамон ойими худро низ вайрону сарсон мекунанд….
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ