Қирғизистон ҳам аз Чину ҳам аз Русия ваксина ворид мекунад
Имрӯз, 19-уми март Қирғизистон 150 ҳазор воя ё доза ваксинаи чинии «Sinopharm» дарёфт хоҳад кард.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор воя ваксина барои 75 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. «Ҳамчунин, миёни Қирғизистон ва Русия барои ҷудо кардани ваксинаи «Спутник V» созишнома имзо шудааст. Гуфтугӯҳо идома доранд ва дар рӯзҳои наздик ваксинаҳо дастрас хоҳанд шуд», — афзуд ӯ.
Ӯ дар мавриди баҳсҳо атрофи ваксинаи «AstraZeneca», ки қарор аст, дар доираи барномаи COVAX ҷудо шавад, гуфт, дар ҳоли ҳозир Қирғизистон натиҷаи озмоишҳоро мунтазир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ