«Шарики стратегӣ” боз тоҷиконро “кидат” кард

Вазорати маълумоти олӣ ва илми Русия рӯзи 20 март рӯйхати кишварҳои “вазъи эпидемиологиашон мусоид”-ро, ки шаҳрвандонашон метавонанд барои таҳсил ба мактабҳои олии Русия баргарданд, нашр кард. Ин рӯйхат Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Малдив, Имороти Муттаҳидаи Араб, ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопонро дар бар мегирад. Вале Тоҷикистон ба ин рӯйхат роҳ наёфт ва табъан донишҷӯёни тоҷик, ки чанд моҳ пеш бо талаби бозгашт ба макони таҳсилашон дар назди вазорати хориҷаи Тоҷикистон таҷаммӯъ ҳам карда буданд, наметавонанд ба мактабҳои олии Русия баргарданд.Ҳайратовараш ин аст, ки дар аксари кишварҳои номбаркардаи Русия, ки воридшудани донишҷӯёнаш иҷозат шудааст, вазъи гирифторӣ ба коронавирус хеле бадтар аз Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *