Силшинос: Дар кӯдакон сили шуш кам дида мешавад

Сили шуш дар кӯдак ин аллакай шакли вазнини ин беморӣ ҳисоб рафта он аз бедаракии табибон шаҳодат медиҳад. Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки кӯдакон бештар ба сили лимфаузлҳои дохили кафаси сина ва канорӣ гирифтор мешаванд ва  саривақт муайяну табобати он боиси пешгирӣ аз шакли вазнин, яъне сили шуш мегардад.

Сил ба кӯдак аз алоқамандии зич бо бемори сил мегузарад. Мутахассисон мегӯянд, ки агар падару модари кӯдак бемори сил бошад пас хатари ба ин беморӣ  гирифтор шудани кӯдак аз эҳтимол дур нест .

Дар Маркази сили вилояти Суғд имрӯз 10 кӯдак аз ин беморӣ табобат мегиранд. Онҳо давоми ду моҳи табобат аз таълим дур намонда дар инҷо дарс мехонанд. Дар сӯҳбат ба мо мудири шӯъбаи бачагонаи ин Марказ Навбаҳори Зохирчон иброз дошт, ки табобати бемории сил дарозмуддат буда он аз 6 моҳ то 2 сол вобаста ба клиникаи бемор идома меёбад. Ду моҳи аввал табобат ҳатман дар беморхона сурат мегирад, давоми он таҳти назорати табибон дар хона идома меёбад.

Имрӯз дар Марказ шароит ба фарогирии кӯдакон барои таълиму тарбия  муҳайё аст. Ҳамарӯза тибқи барномаи тасдиқшуда аз тарафи маорифи кишвар муаллимон аз байни худи кормандони Марказ ва берун аз он ба кӯдакон илм  меомӯзанд . Омӯзгорон бо маош аз тарафи давлат таъмин мебошанд.

Ба гуфти Навбаҳори Зоҳирчон доруҳои зиддисилӣ барои инкишофи ақливу ҷисмонии кӯдак ягон таъсири манфӣ надорад. Танҳо дар оғози табобат баъди истеъмоли як доруи зиддисили камтар кӯдак хоболуд мешавад, ки он ҳам муваққатан мебошад. Дар ин вақт кӯдак ба таълим фаро гирифта намешавад.

Духтараки 10 сола аз ноҳияи Спитамен, ки орзуи духтур шуданро дорад дар сӯҳбат гуфт, қариб 2 моҳ мешавад, ки бистари мебошад. Ӯ ба сили муҳраҳои гардан гирифтор шуда дар арафаи шифоебӣ мебошад. Ин духтарак ба ин беморӣ бе алокамандӣ бо бемори сил гирифтор шудааст, яъне падару модар ва наздиконаш солим ҳастанд.

Дар баъзе ҳолатҳо фарзандон гирифтори ин беморӣ намешавад агар волидайн ё шахси силшуда дар оила тамоми чораҳои пешгириро риоя намояд ва саривақт ба духтур муроҷиат намояд. Ҷавонзани 28 сола аз шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби 2 фарзанд мебошад гирифтори сили сутунмӯҳра шудааст.  Моҳи декабри соли сипаригашта ӯ аз дарди миён дар дигар беморхонаи маркази шаҳр табобат мегирифт.  Дарди ҷонкоҳ маҷбур кард  бо тавсияи табибон аз ташхиси сил гузарад. Баъди муайян шудани  ин беморӣ ҷарроҳӣ шуду имрӯз дар арафаи рухсат шудан қарор дорад.» Вақте  ба ин беморхона омадам, умуман роҳ гашта наметавонистам, имрӯз бошад раҳмат ба духтурон, ки ба пой равон шудам. Рӯзҳои наздик  ба хона назди фарзандонам меравам. Шукри Худо ташхиси шавҳарам ва фарзандонам тоза аст, — бо хурсандӣ гуфт Замира (номи ивазшуда).

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар соли 2015 сил байни кӯдакон 70 бемор ба қайд гирифта бошад, соли 2016 ин шумора ба 102 нафар расид.

Бино ба гуфти сардори муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил » дар вилояти Суғд Умед Нуруллозода натиҷаҳои иҷроиши барномаи давлатии «Стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон медиҳад, ки шумораи бемории сил байни кӯдакон то соли 2020 атрофи 100 то 107 нафар дар як сол боқӣ монд ва дар соли 2020 бемории сил байни кӯдакон   ҳамагӣ 55 ҳолат ба қайд гирифта шуд. Аммо сабаби онро силшиносон дар фаъол набудани дарёфти беморӣ аз сабаби пандемия донистанд.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки вакцинаи ВЦЖ дар замони иттиходи шӯравӣ дар се давра гузаронида мешуд:

-Дар синни серӯзагӣ,

-5 солагӣ ва 10- 12 солагии кӯдак.

Яъне дар панҷ сол як маротиба, аммо бади пошхури Итиҳоди шӯравӣ ҳоли ҳозир ҳамагӣ як маротиба эмкунӣ аз сил дар серӯзагии кӯдак дар таввадудхонаҳо  мекунанду халос. Мақсади асосии ин вакцина пайдо намудани иммунитет бар зидди сил мебошад. Як вакцинаи зиддисилӣ то панҷ сол метовонад кӯдакро аз ин беморӣ ҳимоя кунад, лекин кӯдак  алоқаманд бошад бо бемор ин 100 фисад ҳимоя намекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки бемории сил сироятӣ буда аз шахси бемор ба одами солим бо роҳи ҳавоӣ мегузарад. Бино ба маълумоти табибон ин беморӣ табобатшаванда буда дар ҳолати пурра ва бетаннафус гирифтани табобат бемор шифои комил меёбад. Дар хотир доред, ки бемории силро танҳо бо доруҳои зиддисилӣ бояд табобат кард, на бо ягон табобати халқӣ, бо гиёҳу алафҳо ва равғану гӯшти ҳайвонот!

Мадина Почоева, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *