Корхонаи «Азот» таҷдид мегардад

Имрӯз 18 ноябр маросими шурӯи таҷдиди корхонаи “Азот” баргузор мешавад, ки ҳанӯз ду соли пеш номаш дар сархати хабарҳои моҷаробарангез зикр мешуд. Ин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ баъди аз ихтиёри Ширкати Group DF ба фоидаи давлати Тоҷикистон гузаштанаш бо сармояи Чин аз нав эҳё мешавад.

Рӯзи 18 ноябр дар корхонаи кимиёвии Вахши “Азот” маросими шурӯи корҳои бозсозӣ баргузор мешавад ва дар ин маросим ҳузури президенти Тоҷикистон ҳам дар назар аст. Корхонае, ки ҳанӯз ду соли пеш дар сархати хабарҳои моҷаробарангез қарор дошт, баъди баҳсҳои зиёди ҳуқуқии мақомоти тоҷик ва моликдори собиқаш — ширкати Group DF-и олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ба ихтиёри давлати Тоҷикистон гузашт.

Бар асоси созиши миёни ҳукумат дар соли 2015 ва бо ҷалби 360 миллион доллар сармояи Чин қарор аст корхонаи «Азот» дубора ба истеҳсоли нуриҳои минералии хеле зарур барои Тоҷикистони пахтакор шурӯъ кунад. Рӯзи 18 ноябр инчунин хишти аввали сохтмони коргоҳи истеҳсли карбамиту аммиак ҳам дар назди корхонаи “Азот” баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *