1,3 миллиарди Гулнора Каримова ба Ӯзбекистон баргардонида мешавад
Севара Уринбаева сардори раёсати робита бо ҷомеаи Вазорати адлияи Ӯзбекистон дар брифинги рӯзи 15-ум иттило дод, ки қарор аст 1,3 миллиард доллари Гулнора Каримоваро, ки дар хориҷи аст вориди Узбекитон гардонанд.
Ба гуфтаи Уринбоева, 14 майи соли равон дороиҳои Гулнора Каримова ба маблағи 10 миллион доллар аз Фаронса ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд.
«Маблағҳое, ки ба Ӯзбекистон баргардонида шуд, аз ҳисоби фурӯши амволи ғайриманқули маҷмааи истиқоматии Триплекс дар Париж, ки бо қарори Суди шаҳри Париж аз 29 июни соли 2019 бо даъвои шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусодира шудааст ба ҳисоб меравад», афзуд Севара Уринбаева.
Ғайр аз он, Вазорати адлия ва Прокуратураи
генералӣ оид ба баргардонидани 1,3 миллиард доллари ба Г. Каримова тааллуқ
дошта, ки дар шакли амвол дар Швейтсария, ИМА, Фаронса, Федератсияи Русия ва
дигар кишварҳо қарор доранд, гуфтушунид анҷом дода шуд.
Гуфта мешавад, ки маблағҳои баргардонида ба буҷети
давлатии Ӯзбекистон ворид шудаанд ва дар маҷмӯъ истифода хоҳанд шуд. Аз ҷумла,
«ба нақша гирифта шудааст, ки мунтазам ба ҷомеа маълумоти васеъ дар бораи
хароҷоти маблағҳои аз Фаронса баргардонидашуда дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва пешрафти
татбиқи онҳо пешниҳод карда шавад» гуфт Уринбаева.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ