13 ноябр — Рӯзи байналмилалии нобиноён
Имрӯз, 13 ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён аст. Ин санаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 бо мақсади таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобиною қувваи босираашон суст ва ба хотири асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон Валентин Гаюи эълон намудааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ менамоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст соли 2010 «Қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбон», соли 2016 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», соли 2018 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи маъюбон» ва соли 2018 «Шартномаи байналмилалии Марокаш» оид ба баланд бардоштани вазъи иттилоотӣ ва маълумотнокии нобиноён ба тасвиб расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ