Гунаҳгори марги Меҳроншоҳ 3 сол гирифт, наздиконаш норозӣ…

Санаи 11-уми май, суд ҳукми старшинаи милитсия ва донишҷӯи соли чоруми академияи ВКД Амирзода Насим Абдукаримро, ки субҳи 7-уми феврал афсари милиса Меҳроншоҳ Ҷумъаев дар дохили бинои ШВКД ноҳияи Панҷ бо гуноҳи ӯ ба қатл расид баровард. Суд ба гунаҳгор 3 сол ҷазо бо гузаронидани ин муҳлат дар маҳбаси низомаш сукунатӣ муайян кард. Номбурда ҳамчун мутахассис дар бахши котиботи ШВКД дар ноҳияи Панҷ фаъолият мекард.

Хешовандон аз ҳукми суд норозиянд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ оварданианд. Хабарнигори pressa tj сари масъалаи ҳукм ва сабабҳои норозигии наздикони Меҳроншоҳ бо амаки ӯ, журналист Холиқназар Ҷумъаев суҳбат намуд ва ба саволҳои худ ҷавоб хост.

-Чаро ҳукми суд шуморо қонеъ намекунад? Магар ҳодисаи марги афсари милиса,Меҳроншоҳ Ҷумъаев тасодуфӣ набуд?

-Не набуд. Барои он ба қарори суд розӣ нестем, ки дар рафти баррасии парванда дар суд ҳеҷ далеле пешниҳод нашуд, ки тасодуф будани кушторро тасдиқ кунад. Парванда чунон хому сатҳӣ ва саросемавор ҷамъбаст шудааст, ки ҳатто оддитарин меъёрҳои ҳуқуқ сарфи назар шудаанд. Шоҳиди бевоситае, ки ҳолати кушторро дида бошад, нест. Шоҳидони овардашуда фақат садои ду маротиба паронидани тирро шунида, ба ҷойи ҳодиса омадаанду Меҳроншоҳи моро аллакай рӯйи замин хобида дидаанд. Ҳатто навбатдоре, ки яроқ додааст ва дар рӯ ба рӯйи ӯ куштор ба амал омадааст, чизе надидам мегӯяд.

Ба назари ман дар парванда прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. маҳз аз рӯи таваккал кор гирифта, бе ҳеҷ омӯзиши дақиқ, бе ҳеҷ шоҳиде, ки кушторро дида бошад ва ҳатто бе такя ба ташхисҳои фармудааш парвандаро ҷамъбаст карда, ба суд ирсол кардааст. Аз рӯзи оғози суд, вақте дидем, ки аксари шоҳидон сохтаву бедалел ҳарф мезананд, мо боварӣ доштам, ки суд парвандаро ба тафтишоти иловагӣ бармегардонад, вале сад афсӯс, ки ин тавр нашуд. Судшаванда дар рафти суд ҳатто собит карда натавонист, ки ӯ тири якумро ба Меҳроншоҳ зада, ӯро дар ҷои ҳодиса кушт ва ё тирри дуввумро. Аз ҳама аҷиб он ки судшаванда дар рафти баррасии парванда аз падари ҷабрдида узр ҳам напурсид. Фикр мекунам дар пушти ӯ шахсони калон меистанд.

Шумо гуфтед, ки Прокурор Холиқзода ҳатто ба ташхисҳои фармудаи худ такя накард. Шумо кадом ташхисҳоро дар назар доштед?

-Масалан ташхисҳои баллистикӣ ва физикӣ-техникӣ хулоса додаанд, ки ҳеҷ гуна ҳолати тасодуфан парронида шудани ду тир аз автомат вуҷуд надорад. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Тире, ки ба марҳум Ҷумъаев М. расидааст, ин тири тамосӣ (рекошетӣ) нест, зеро ҳама омилҳои тирпарронӣ мавҷуданд ва тирпаронӣ аз фосилаи рӯ ба рӯ (на упор) паронида шудааст”. Ҳеҷ як ташхисҳои фармуда хулоса надодаанд, ки куштор тасодуфӣ буд ва ҳеҷ шоҳиде низ вуҷуд надорад, ки тасодуфӣ будани ҳолатро тасдиқ намояд. Яъне, тафтишот дар парванда ҳолати тасодуфӣ будани кушторро собит накарда, танҳо аз рӯи фарзияи Сардори ШВКД Шамсулло Маҳмудов ва эътирофи худи қотил, ки дар рӯзи аввал пешниҳод карда буд, онро ҷамъбаст кардааст. Прокурор ҳанӯз дар рӯзи аввал гуфта буд, ки агар натиҷаи ташхиси физикӣ-техникӣ ва балистикӣ нишон диҳад, ки тир рӯ ба рӯ (яъне на упор) паронида шудааст, моддаи 108 ба моддаи дигар тағйир дода мешавад. Агарчи ташхис собит кард, ки тир рӯ ба рӯ бо ду маротиба пахш кардан паронида шуд, вале прокурор ҳатто натиҷаи ташхисҳои фармудаашро ба инобат нагирифт. Қотил дар куштор тирро аз масофаи 60 сантиметр дар рӯ ба рӯ (на упор) бо ду маротиба пахш кардани курок задааст (яъне қасдан задааст- Х.М.). Суд низ инро ба инобат нагирифт.

Ба назари Шумо ҳодиса чӣ гуна сурат гирифтааст? Фарзияи худи Шумо чи гуна аст?

Ба назари мо гунаҳгор таҷрибаи хуби бо яроқ кор карданро дорад. Ӯ тири якумро ба Меҳроншоҳ зада, ӯро кушт ва баъдан тири дуюмро маҳз барои тасодуф нишон додан ба боло зад. Тафтишот бе омӯзиши ин ҳолат парвандаро бе ҳеҷ далели комил, бе ҳеҷ шоҳиди мушаххас ва бе ҳеҷ хулосабарории дақиқ ба суд пешниҳод кардааст. Шояд прокурор боварӣ дошт, ки, суд парвандаро ҷиддӣ баррасӣ намекунад ва мисли ӯ бо таваккал ҳукмро мебарорад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Пештар ҳам дар қисмҳои низомӣ чунин ҳодисаҳо буданд, ки аскарҳо ва ё афсарҳо тасодуфан бо паронидани тир ҳамхизматҳои худро кушта буданд. Шояд инҷо ҳам воқеан тасодуф бошад?

-Мо таърихи 26 солаи омори кушторҳои тасодуфӣ ба воситаи яроқҳои оташнишонро омӯхтем. Бале, ҳодисаҳои зиёди кушторҳои тасодуфӣ ба қайд гирифта шудаанд, вале дар ҳама ҳолат тасодуф бо як тир сурат гирифтааст. Аммо дар қазияи Меҳроншоҳ Ҷумъаев ин нахустин парвандаест, ки бо вуҷуди аз тарафи гумонбар ду маротиба паронидани тир, набудани ҳеҷ гуна шоҳиди тасдиқкунандаи ҳолати куштор, тафтишот онро тасодуф унвон кардааст. Тафтишот дар ин ҷо фақат ба эътирофи судшаванда такя карда, хулосаи айбдоркуниро низ аз рӯйи ҳамон баровардааст, ки ин иштибоҳи бузург аст. Тафтишот бояд ин парвандаро дар асоси моддаи 104 баррасӣ мекард, на моддаи 108, қисми 2. Мо якчанд камбудиҳои ҷиддиро мушоҳида кардем, ки дар раванди тафтишот комилан сарфи назар шудаанд ва бояд суд онҳоро ба инобат мегирифт, аммо нагирифт.

Шумо кадом камбудиҳоро дар назар доред?

-Нахуст, барои чӣ масъалаи дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани корманди масъули шуъбаи навбатдорӣ, ки бояд рафти аз як “посбон” ба “посбони” дигар супоридани “пост” ва яроқи оташфишонро зери назорат мегирифт, мавриди таваҷҷуҳи тафтишоти пешакӣ ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ на дар рафти тафтишот ва на дар суд қарор нагирифт. Тафтишоти пешакӣ тавре пеш бурда шудааст, ки гӯё дар ин Шуъбаи корҳои дохилӣ, ягон нафар корманди масъул барои таъмин кардани интизоми корӣ, пешбурди корҳои ташкилӣ ва тарбиявӣ, фаъолият намекунад. Тафтишоти пешакӣ, ҳамагуна “савобу гуноҳро” ба сари марҳум ва корманди “гумонбар дар қатли Меҳроншоҳ” гузошта, корро ба ин ҳалшуда ҳисобидааст. Ҳол он, ки дар доираи талаботи қонунгузор, тафтишоти пешакӣ вазифадор буд, сабабу шароитҳои ба содир шудани “ҷиноят” мусоидаткунандаро пурра ва ҳаматарафа муқаррар карда, ҷиҳати бартараф кардани “он омилҳое”, ки муайян карда шудаанд, чораҷӯӣ мекард. Дар рафти пурсиши шоҳидон низ сабабу шароитҳои ба куштор мусоидаткунанда муайян карда нашуданд. Мо бо якчанд прокурорҳо ва собиқадорони суд ҳамсуҳбат шудем. Инҷо бояд алайҳои масъулини ШВКД Панҷ низ, ки дар иҷрои вазифаашон хунукназарӣ карданд ва боиси ба амал омадани куштор шуданд, парванда боз мешуд, вале нашуд. Тафтишот масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё интизомӣ кашидани масъулини дахлдорро комилан сарфи назар кардааст.
Дуюм, аз рӯзи аввал эҳтимолияти таъсир расонидани масъулини ШКД ба раванди тафтишоти пешакӣ ҷой дошт ва маҳз барои ҳамин мо ду маротиба аз болои прокурори ноҳияи Панҷ шикоят карда, талаби гирифтани парванда аз Панҷро кардем. Нахустин маротиба 4-уми март ба Прокурори генералӣ дар ин бора муроҷиат кардем, вале дар мӯҳлати 40 рӯз аз ин ниҳод посух нагирифтем. Маротибаи дуввум 10-апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, нусхаи онро ба Прокурори генералӣ ва прокурори вилояти Хатлон супорида, дархости аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифтани парвандаро кардем. Мутаассифона талаби мо қонеъ нашуд. Баъди шикояти мо прокурори ноҳияи Панҷ аз мо қасд гирифт ва ҳамагуна ҳамкориро бо мо қатъ карда, парвандаро яктарафа, саросемавор бе омӯзиши ҷиддӣ ҷамъбаст карда, ба суд пешниҳод кард. Дар рафти пурсиши шоҳидон ва таҳлили парванда ҳама шоҳид шудем, ки ҳама далелҳо сатҳиянд ва тасодуф будани ҳолат собит нашуд. Баръакс далелҳо нишон медиҳанд, ки куштор барқасдона аст. Муттаасифона, аз ҷониби суд ҳам ҷинояти куштор мавриди баҳодиҳии амиқ ва холисона, қарор нагирифт.

Маълум аст, ки шумо ба тасодуфӣ будани куштор бовар надоред ва ҳатто баъди ҳукми суд шубҳаи Шумо бартараф нашудааст. Шубҳаатонро бо чӣ асоснок мекунед?

-Агар дар рафти суд собит мешуд, ки навбатдор автомати аллакай бо тирдон пайвастро додааст, шояд эҳтимолияти тасодуф вуҷуд медошт. Вале, вақте судшаванда тасдиқ мекунад, ки ӯ автоматро алоҳида ва тирдонро алоҳида гирифта, ба автомат пайваст карда, онро дар ҳолати яккатирӣ (одиночка) монда, затворро кашида, ба сӯйи Меҳроншоҳ тоб хӯрда, мили автоматро саҳван боло накарда паронидааст, ин маънои онро дорад, ки ӯ қасдан ва дидаву дониста ба самти Меҳроншоҳ ду тир холӣ кардааст. Инҷо ҳеҷ гуна тасодуфе вуҷуд дошта наметавонад. Чунин санҷиши яроқро дар рӯ ба рӯ (на упор) дар масофаи 60 сантиметр, ба назари мо дар се маврид анҷом додан мумкин аст:
а) девона будан зарур аст;
б) маст бояд буд;
в) нияти куштори барқасдона бояд дошт.

Варианти аввал инкор шуд, зеро ташхиси тиббии равоншиносӣ девона будани судшавандаро рад кард. Варианти маст будан низ тасдиқ нашуд, зеро ташхиси хун мавҷудияти алкогол ва наркотикро дар таркиби хуни маҳкумшуда рад кард. Пас мемонад варианти сеюм, ки ин барқасдона задани тир аст ва ин вариант варианти эътимоднок аст.

Шумо марги Меҳроншоҳро тасодуфӣ намешуморед, барои ин гуфтаҳо боз чӣ асос доред?

-Ҳамаи камераҳои назоратӣ кор мекунанд, ба истиснои камераи ҷойи ҳодисае, ки дар он корманди милиса Ҷумъаев Меҳроншоҳ ба қатл расонида шуд. Дар рафти тафтишот хунукназарии роҳбари ШВКД ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудов, ки чун роҳбар натавонист коршоямии камераҳои назоратӣ ва амнияти дохили биноро таъмин кунад, комилан сарфи назар шуда, масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан ва ё аз вазифа озод кардани ӯ баррасӣ нашуд. Прокурор ва муфаттиш ҳатто аз камераҳое, ки кор мекарданд, чизеро наомӯхта, мавҷудияти ягон садо ва ё ҷанҷолро баррасӣ накардаанд.
Агарчӣ ду тир зада шуд ва ҳеҷ шоҳиде нест, ки тасодуф будани ҳолатро тасдиқ кунад, тафтишот ҳатто эҳтимолияти фарзияи куштори барқасдонаро баррасӣ накард.
Прокурор ҳанӯз дар рӯзи аввал гуфта буд, ки агар натиҷаи ташхиси физикӣ-техникӣ ва балистикӣ нишон диҳад, ки тир рӯ ба рӯ (яъне на упор) паронида шудааст, моддаи 108 ба моддаи дигар тағйир дода мешавад. Агарчи ташхис собит кард, ки тир рӯ ба рӯ бо ду маротиба пахш кардан паронида шуд, вале прокурор ҳатто натиҷаи ташхисҳои фармудаашро ба инобат нагирифт.

Пеш аз ҷамъбасти парванда Шуморо бояд бо натиҷаи тафтишот шинос карда бошанд. Чаро ҳамон вақт норзигӣ накардед ва ё ба таври хаттӣ дархост нагузоштед?

-Мо санаи 9-уми апрел бо парванда шинос шудем ва худи ҳамон рӯз роҷеъ ба камбудиҳои парванда ба таври хаттӣ дархостамонро гузоштем. Дар дархост, мо аз ҷумла хоҳиш кардем, ки имзои Ҷумъаев Меҳроншоҳ бо имзои дар варақаи қабули яроқ гузошташуда мувофиқат намекунад. Бояд барои дурустии он ташхиси хатшиносӣ гузаронида шавад, вале тафтишот онро рад кард.
Инчунин мо дар дархости худ навиштем, ки шоҳид Холбоев Ниёзулло, нафаре, ки роҷеъ ба кор накардани базаҳои хотиравии камераҳои назоратӣ ба ШКД даъват шуда, хулоса додааст, шоҳиди сохта мебошад. Зеро дар рӯзи бурдани ҷасад ва дар рӯзи ҷаноза, сардори ШКД Маҳмудзода Шамсулло иброз дошта буд, ки ӯ танҳо ҳамон шаб фаҳмидааст, ки камераҳои назоратӣ кор намекунанд. Вале дар парванда аз куҷое шоҳид пайдо шудааст, ки ӯ рӯзи 03.02.2021, яъне 3 рӯз пеш аз марги Меҳроншоҳ ба ШКД даъват шуда, камераҳои назоратиро мавриди омӯзиш қарор дода, корношоям гуфтааст ва сардори ШКД барои харидани ҳофизаи нав ва овардани он аз Душанбе пул ҷудо кардааст. Бояд ин масъала чиддӣ омӯхта шуда, ба воситаи камераҳои назоратие ки кор мекарданд, санаи ба ШКД омадани Холбоев санҷида мешуд, аммо нашуд.
Саволи матраҳ ин аст, ки “Сардори ШКД танҳо ҳамон шаб фаҳмид, ки камераҳои назоратӣ кор мекунанду сабт не, вале аз куҷо шоҳиде пайдо карданд, ки 3 – рӯз пеш ба корношоямии он хулоса додааст?”

Прокурор дархости моро рад кард ва ба таври хаттӣ баъди як рӯз, аллакай рӯзи 10-уми апрел ҷавоб дод. Ростӣ баъди хондани ҷавоби прокурори ноҳияи Панҷ аз 10.04.21 таҳти №26/2021 дилам тамоман ҳам ба тафтишот ва ҳам ба прокурор ях баст. Вокуниш бо риоя накардани талаботи Қонун дар бораи забони давлатӣ навишта шуда, дар ду ҷумла ба 27 хатои имлоиву аломатӣ роҳ дода шудааст. Мо дар ин бора фавран ба Раиси дастгоҳи Президенти кишвар ва Прокурори генералӣ шикоят карда, мактубро бо хати сурх ислоҳ карда, нишон додем ва дархост кардем, ки нисбати Прокурори ноҳияи Панҷ чораандешӣ кунанд. Нигаронкунанда аст, ки хатто насаби муфаттиш, ном ва насаби ҷабрдидагон, ном ва насаби худи прокурор, номи кодекси ҷиноятӣ бо иштибоҳ навишта шудааст. Вале то ҳанӯз посух нагирифтаем.

Тафтишот масъалаи ҷуброни расонидашуда ба ҷабрдидаро баррасӣ кард ё не?

-Афсари милиса Ҷумъаев Меҳроншоҳ дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ ва дар ҷойи кор, аз ҷониби корманди мақомоти дохилӣ ба қатл расонида шуда бошад ҳам, масъалаи таъмини зарари ҷуброни моддию маънавӣ ба ҷабрдида, умуман аз мадди назари тафтишоти пешакӣ берун монд. Оё ҷабрдида ягон ҳуқуқ барои ҷуброни зарар надорад? Мо ҳатто маблағи бозгашти мошини ёрии таъҷилиеро, ки ҷасадро бурд, худамон пардохт кардем. Дар бораи маблағи хароҷоти омаду рафти мо ба Панҷ, хароҷоти адвокат ва ҷуброни моддию маънавии ба ҷабрдида расонидашударо кӣ бояд пардохт кунад? Ба ин савол тафтишот посух нагуфтааст.

Магар ба Шумо аз тарафи давлат адвокат ҷудо накарданд?
-Бадбахтона мақомот ба мо адвокат ҷудо накард. Тафтишот бошад бо мо ҳеҷ гуна ҳамкорие накард. Азбаски Моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия муқаррар кардааст, ки “Корманди милитсия кафолати ҳифзи судӣ дорад”, вале ин кафолатро ба мо касе надод. Мо ду маротиба ба Вазири корҳои дохилӣ барои кӯмак кардан дар гирифтани адвокат муроҷиат кардем, вале мутаассифона посух нагирифтем. Ба назар чунин мерасад, ки дар ин ниҳод ба муроҷатҳо умуман посух намегӯянд. Муроҷиатҳои хаттии моро аз 15.03.2021, 03.04.2021, 12.04.21, 15.04.21 дар ВКД на танҳо баррасӣ накарданд, балки ба он посух низ нагуфтанд ва масъулияти худ дар назди Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро иҷро накарданд.

Сардори бевоситаи Меҳроншоҳ, яъне роҳбари ШКД-и ноҳия чӣ мегӯяд?

-Маҳмудзода Шамсулло рӯзи бурдани ҷасад гуфта буд, ки ҳангоми санҷиши яроқ тири ҳамкори Меҳроншоҳ ба шифт бархӯрда, аз онҷо ба қафо баргашта ба тарафи рости Меҳроншоҳ бархӯрда, аз китфи чапаш баромада, ӯро дар ҷояш кушт. Баъдтар ин версияи дурӯғи сардор рад шуд. Нахустин маротиба Абдусаттор ном милисае, ки ҳамроҳи Меҳроншоҳ дар боми бино (чердак зиндагӣ мекард) аз шунидани ду садои тир ва мавҷудияти ду тир хабар дод. Ӯ ҳам бояд дар суди чун шахси беғараз шоҳидӣ медод. Ӯро Сардори ШКД бо чӣ сабабе аз кор озод крадааст ва имрӯз дар втанаш Исфара бекор аст.

Ман баъди як ҳафтаи куштор кӯшиши вохӯрӣ бо сардори ШВКД ноҳияи Панҷ Маҳмудзода Шамсуллоро кардам. Вақте ба Панҷ омадам, ба ӯ занг зада, хабар додам, ки ман омадам ва бо Шумо вохӯрдан мехоҳам. Сардори ШВКД посух дод, ки меҳмон дорад ва маро қабул карда наметавонад. “Шуморо прокурори ноҳияи интизор аст” гуфт. Маротибаи дуюм низ чунин кӯшишро баъди 2 ҳафта кардам. Дар ШВКД гуфтанд, ки дар ҷои кор нест. Дигар ба зангҳои мо умуман посух нагуфт. Ба назарам, барои сардори ШВКД ноҳияи Панҷ марги зердасташон ҳеҷ арзише надорад.

-Шумо аз суд натиҷаи дигарро интизор будед?

— Албатта чунин ҳукмро мо интизор будем. Зеро ҷиноят дар Панҷ содир шуд, онро сокини ноҳияи Панҷ, корманди милиса дар дохили бинои ШКД содир кард. Тафтишотро прокуратураи ноҳияи Панҷ анҷом дод ва ҳукмро суди ноҳияи Панҷ баровард. Шахсони манфиатдор инҷо зиёданд Дар суд аз ин бештар чизеро интизор шудан душвор буд. Акнун муҳим аз ноҳияи Панҷ баровардани парванда аст ва мо ин корро мекунем. Ман боварӣ дорам, ки дар зинаҳои болоӣ имконияти бозгардони тафтишот ва дарёфти адолат имконпазир хоҳад буд.

-Талаби асосии мо он аст, ки парванда, бо мақсади омӯзиши ҳаматарафа, ҷиддӣ ва холисона барои санҷиши иловагӣ баргардонида шавад. Мо бо ин талаб парвандаро то Суди Олӣ мебарем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *