Даргузашти Муслима Боқиева

Муслима Боқиева, овозхони маъруфи тоҷик ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон аз олам чашм пӯшид. Тибқи иттилои наздикон Муслима Боқиева дар қабристони “Сариосиё”-и Душанбе ба хок супорида шуд. 

Муслима Боқиева, 7-уми ноябри соли 1933 дар Бухоро таваллуд шуда, санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбӯрнавози машҳур Боқиев Солеҳ омӯхтааст. Ӯ аз соли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекард. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, аз устодони мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов, Фозил Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ ва дигарон дарси маҳорат омӯхтааст. Аз соли 1953 сароянда ва баъд роҳбари Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (ансамбли «Чаман») буд.
Сурудҳои «Эй машъали Шарқ» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги халқ), «Пойтахти ман» (шеъри Б. Раҳимзода, оҳанги З. Шаҳидӣ), «Духтари самарқандӣ» (шеъри Б. Фаррух, оҳанги С. Ҳамроев), «Ба Ватан» (шеъри Ҳ. Юсуфӣ, оҳанги халқ), «Ёрӣ надорӣ» (шеъри Воқиф, оҳанги Ф. Одинаев), «Гул ба боғ» (шеъри Зебуннисо, оҳанги Ф. Солеҳов), «Сабзинаранг» (халқӣ) ва ғайра аз беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд. «Қӯшчинор» (ғазалиТуғрал), «Баёти 5» (ғазали Рӯдакӣ), «Қашқарчаи Савти Наво» (ғазали Ҳилолӣ), «Чоргоҳ» (ғазали Камоли Хуҷандӣ) ва дигар сурудҳои классикӣ дар иҷрои ӯ садо додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *