Дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” мудирони махсус таъин шуданд

Бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе  расман раванди барҳамдиҳии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»  оғоз шудааст.

Бонки миллӣ иҷозатномаи ин ду бонкро 21-уми майи соли равон бозхонд карда буд. Масъулини Бонки миллӣ гуфтанд, бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ин ҳафта содир шуд, мудирони махсус дар ду бонки муфлисшуда таъин гардиданд.

Тибқи қарори суд, Раҳимҷон Шарифов дар «Агроинвестбонк» ва Фаррух Нуритдинов дар «Тоҷикcодиротбонк» ҳамчун мудири махсус раванди барҳамдиҳии бонкҳоро роҳбарӣ мекунанд.

Дар  асоси қонун, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи ду бонки муфлисшударо фурӯхта, пасандози мардумро  баргардонанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳоло шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” 27,7 ҳазор нафарро ташкил дода, амонати 23,7 ҳазор (86%) нафари онҳо пурра ва 4 ҳазор нафарашон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ  ҷуброн мешавад.

Теъдоди умуми амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 3,5 ҳазор (64%) нафар пурра ва 2 ҳазор амонатгузорон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ  ҷуброн мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *