Куштор дар исфара
Моҷарои Мастона,қасоси тарҳрезишуда ва ё тасодуфи пешбининашуда?
…Дар Исфара ҷавонмардеро дар рӯзи равшан бо корд зада куштанд ва боз нафаре захмӣ шуд. Қотил ҳамдеҳаи мақтул будааст. Ин куштор барои ҳангомахоҳон ҳангома ва барои воҳимачиён воҳимаи навбатӣ гардид, ки чӣ тавр як нафар якеро кушту нафари дигареро нимкушта кард?
Фоҷиа якто, тахмин садто…
Яке мегуфт, ки ҳамдеҳаҳо серӣ арақ хӯрда маст шудаанду сари мастӣ ин кор рух додааст. Дуюмӣ мегуфт, ки одамкуш хеле пеш ба марҳум қасд доштааст ва боре қасди бо мошин пахш карда кушташударо ҳам карда будааст. Сеюмӣ бар он назар буд, ки ин гуна куштор кори яку як бора набуда, бо маслиҳати пешакӣ рух додааст…
Ҳар кас ба таври худ тахмин мекард. Ҳодиса якто, вале тахминҳо садто буданд. Барои аз асли ҳодиса огоҳ шудан аввал ба хонаи марҳум равон шудем …
Зуҳрохон: Писарам мероси падарашро гирифт…
Овози гиряву нолаи ҷонсӯзи зане байни дигар занҳо баландтар буд. Маълум шуд, ки ӯ модари фарзандгумкарда аст. Баъди баёни ҳамдардӣ ва андаке ором шудан ӯ нақл кард:
-Шавҳарам Раҳматбой Расулов ҳам дар синни 32-солагӣ аз олам гузашта буд. Аммо бо аҷали худ. Тақдир чунин будааст, ки писарам ҳам дар ҳамин син моро партофта рафт. Аммо бо марги маҷбурӣ. Замоне, ки бева мондам, фарзанди калониям Бахтиёр 9-сол дошт. То нонёб шудани писаронам полшуӣ карда, нон меёфтам. Акнун даҳонам ба нон расида буд, ки ин фалокат аз таги пой хест…, — мегӯяд модари марҳум Зуҳрохон Расулова. — Замони ин хабари шумро фаҳмиданам ҳоло ӯ намурда буд. Ин кор бегоҳирӯзии 8 ноябр рух дод. Писари калониам бо мошин ду-се дӯсти Русияравашро ба фурудгоҳ бурданӣ буд. Хабарро аз наздикони мо якум шуда, додарарӯси писари дуюмам Фарҳодҷон ба писари калониам Бахтиёрҷон расонидааст. Писарам медонист, ки бемораму ба ман зиқ шудан мумкин нест, додарашро ба шуъбаи эҳёи ноҳия бурда хобондаанду ба хона омада, ягон даҳон гап назад. Дар ошхона ҷазза пухта истода будам. Пурсидам, ки “Бахтиёрҷон, ба ту ҳам ҷазза кашам, мехӯрӣ?” Писарам “не шикамам сер” гуфту монд. Ӯ асли воқеаро ба холааш Иноятхон гуфтааст. Хоҳарам шаб то саҳар дар беморхона истода, саҳарӣ соати 5 ба хона омадааст, то маро хабардор кунад. Аммо ин хабари шумро чӣ хел мерасонам гӯён то саоти 6 дар назди дарвоза ҳайрон истодааст. Баъдан бо рангу рӯи парида ба хона даромад ва гуфт, ки бояд ба беморхона равем. Ҳамроҳ бо хоҳарам бехабар аз писарам ба беморхона рафтем. Ин ҷо фаҳмидам, ки писарам Дилшодҷон бо марг дастагиребон будаасту ман бехабар…
Дорупулии мурда 1400 сомонӣ шуд…
Бародари Дилшод Бахтиёр Расулов қисса мекунад:
-Бегоҳие, ки мо ҷисми нимҷони додаракам Дилшодро ба беморхона бурдем, дар таги дари шуъбаи ҷарроҳӣ ду духтур мисоли ҳайкал рост истода буданд. Ман дар марги додарам духтуронро гунаҳгор кардагӣ не, вале беаҳамиятӣ ва “мурдаро монда тутхӯрӣ” кардани онҳоро дида, дилам хунук шуд. Акнун фаҳмидам, ки чаро мардум нисбати ин беморхонаю духтурони он беихлос будаанд ва ҳатто бемори апендитситро гирифта, ба беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд мебурдаанд. Аслан ман як соати умри додарамро ба тамоми ганҷи олам баробар намекунам, аммо “болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин бар замми он ки нисбати додарам ягон чора наандешиданд, одами дар қабзаи маргбударо соатҳо танҳо монда, аз пайи кори худ шуданд. Ба мо бо арзиши 1400 сомонӣ дорупулӣ таъин карданд. Доруҳоро харида овардем. Аммо баъдан фаҳмидем, ки мо барои табобати додарам не, барои мурдаи ӯ дору харида будаем… Вақте ки ман хабари маҷрӯҳ шудани Дилшодҷонро шунидаму ба ҷои ҳодиса омадам, маҷрӯҳро гирифта, зуд ба мошин бор карда ба беморхона расонидам. Аз духтурони беморхонаи марказии ноҳия ду духтури ҷарроҳ — Тоҳирҷон Тӯраев ва Саидҷон Мирзосодиқов ҷабрдидаро қабул карданд. Аммо чунон оҳистакор буданд, ки ғаши кас меомад. Гӯё ягон одами каме аз саломатиаш шикоятдоштаро қабул мекарда бошанд… Баъдан ба ман номгӯи ҳазору як дорую уколро доданд. “Бемор бисёр хун гум кардааст” гуфта, 3 литр хунро гирифтанд аз мо. Танҳо додарам Фарҳод 800 грамм хун супурд ва чӣ хеле ки мебинед, то ҳол рангаш кандагӣ. “Аз ҷони набаромада умед”- гӯён духтурон чизе, ки мегуфтанд, муҳайё мекардем. Шабона ман сари бемор будам. Соатҳои 12:30 ё 1-и шаб буд, ки гулӯи ӯ хир-хир кард. Духтурҳоро фарёд кардам. Аммо мудири шуъбаи эҳё Мирсодиқов “хавотир нашавед додар, ду ҳамшира ҳаст-ку” гуфта маро “хотирҷамъ” кард. Маро аз шуъба берун карданд. Ман дар таги дар интизори дамидани субҳ нишастам. Саҳарӣ холаам бо модарам якҷо омаданд. Модарам, ки огоҳ набуд,чеҳрааш маъюс бошад ҳам, хотираш ҷамъ буд. Мо аҳли оила паси дар интизори ҷавоби ҷарроҳ нишаста будем, ки духтур (номаш ёдам нест) баромада, “касалатон мурд” гуфту рафт.
Як ибораи “касалатон мурд”-и ин духтури гапхунуку бехабар аз одоби муошират гӯё зиндаҳоро ҳам кушт… Модарам аз ҳуш рафт. Ӯро духтурон ба палата дароварда, ба худ оварданд. Ман ҳайронам, ки он қадар дорую укол ва хунро духтурон барои кӣ сарф карданд?…
Қотил “одами хуб” буд?
…Вақте ки бо Мавҷуда Файзиддинова, духтари дар қатли Дилшод гумонбаршуда Мирзорабил Файзиддинов, вохӯрдем ӯ гуфт:
-Падарам даст ба одамкушӣ зада бошанд ҳам, одами бад набуданд. Пештар булдозерчӣ шуда кор мекарданд. Аммо як сол боз бекор буданд. Ҳоло аз дасти ин “одами хуб” як оила мотамдору оилаи дигар беморбон…
Маҷрӯҳ Дилшоди дуюм мегӯяд:
— Ман аз як чиз афсӯс мехӯраму аз чизи дигар нигаронам. Афсӯс аз он мехӯрам, ки ҳамномамро наҷот дода натавонистам. Ҳамон рӯз ман баъди маҷлис, ки дар мактаби №15 доир шуд, баромада бо роҳи поезд ба наздикии истанса рафта истода будам. Дидам, ки Дилшод бо ду-се нафар баҳс дошт. Яке аз онҳо, ки номашро намедонам (худашро бинам мешиносам), ба Мирзорабил телефон карда, ӯро ҷеғ зад. Пас аз лаҳзае Мирзо ҳам пайдо шуд. Дилшод ба ӯ гуфт: “Чаро он рӯз ба рӯи ман мошинро ҳай кардӣ? Куштан мехостӣ?” Оташи ғазаби Мирзо аланга зад ва часпу талош сар шуд. Мирзо ва ҷӯраҳояш маст буданд. Дилшод, ки варзишгару боқувват буд дар аввал Мирзоро аз пой афтонд, аммо шарикони ӯ Ёсин ва Самад ба вай кумак карда, аз замин бардоштанд ва ба Дилшод ҳамла карданд. Мирзо аз фурсат истифода бурда, ба пой хест ва Дилшодро бо корд зад. Намедонам чанд корд зад, аммо рӯи заминро хун зер кард. Ӯро аз ҷанголи ин дарранда халос кунам гуфта будам, ки банди поям виҷҷос зада сӯхт. Бинам, хун аз поям ҷорӣ шуду дар дасти Мирзо як корд. Бо зарбаи дуюми корд пеши чашмонам сиёҳӣ зад. Бо як пои кашол ба хона омадам ва занак раги хунравро баст. Дар беморхона диданд, ки ман ҷароҳати вазнин бардоштаам, аммо зуд ҷавоб доданд. Хоҳарам, ки маро ба беморхона бурда буд, ҳайрон шуд, ки чаро одами хуни зиёд гумкардаро ақаллан як шаб нигоҳ надоштанд? Нигаронии ман аз он аст, ки агар ин ҷо асроре набошад, ҳеҷ гоҳ мани маҷрӯҳро бо ин ҳол ҳамон шаб ҷавоб намедоданд…
Аз маълумотномаи расмии РВКД вилояти Суғд
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршуда рӯзи 08. 11. с. 2016, тахминан соати 18:20 дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Исфара, аз сабаби хусумати шахсии доштааш бо марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, сипас, бо корди кисагии дар дасташ буда, чор маротиба ба пойи чапаш задааст.
Дар ин вақт, марди 40-солаи сокини шаҳри Исфара барои халос намудани марди 33-сола ба ҷойи ҳодиса омадааст, ки гумонбаршуда ӯро низ бо корди дар дасташбуда ду маротиба ба пойи росташ задааст. Дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, — гуфтааст корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсинҷон Юсупов. — Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Охирсухан
…Вақте ки аз Исфара мебаромадем, дар дохили мусофирбар чашмам ба писараке афтод, ки дар даст “кубик-рубик” дошт ва бо ҳавсалаи тамом рангҳои онро ҷо ба ҷо карданӣ буд. Аммо пас аз хеле заҳмат дид, ки намешавад, онро ба даруни борхалтааш андохту ба тамошои берун машғул шуд. Бо дидани ин манзара аз дил гузаронидам, ки мабодо асрори марги Дилшод низ ҳамин тавр ҳалношуда боқӣ монад?
Фарзона Муродӣ,
Хуҷанд – Исфара – Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ