Моҷаро дар “профосоюзи” маориф
«Мо як вазир дорем ва як раиси Иттифоқҳои касаба.» Бо баёни ин ҷумла Нуралӣ Собирзода батакрор пешниҳод мекард, ки масъалаи интихоб мавқуф гузошта шавад. Пас аз он ки кӯшишҳояш бенатиҷа монд, пешниҳод кард, ҳадди ақал панҷ дақиқа танаффус шавад. Вакилони анҷуман инро низ қабул накарданд.
Интихоби раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр ҷанҷолбарангез шуд. Муовини вазири маориф мехост, раиси навро «бо мувофиқа» ва дар ҳузури вазири маориф ва раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ интихоб кунанд, аммо вакилони анҷуман напазируфтанд.
Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ниҳоди мустақил буда, вазифаи он ҳимоят аз ҳуқуқи омӯзгорон аст.
Зулҳия Нозакзодаи 32-сола, номзад ба мақоми раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, гуфт, аз се ду ҳиссаи вакилон дар анҷуман ширкат доранд ва ниёзе ба вақти дигар гузоштанаш нест. Аксарият дар толор аз ҳарфи ӯ пуштибонӣ карданд.
«Мо як вазир дорем ва як раиси Иттифоқҳои касаба.» Бо баёни ин ҷумла Нуралӣ Собирзода батакрор пешниҳод мекард, ки масъалаи интихоб мавқуф гузошта шавад. Пас аз он ки кӯшишҳояш бенатиҷа монд, пешниҳод кард, ҳадди ақал панҷ дақиқа танаффус шавад. Вакилони анҷуман инро низ қабул накарданд.
Муовини вазир дигарбора гуфт, «номзадҳо бо муҳтарам вазир, бо роҳбарияти сохторҳои дигари дахлдор мувофиқа карда нашудаанд, мо шоҳид ҳастем». Ҳарфи ӯро яке аз иштирокдорон бурид ва гуфт, «мебахшед, номзадҳоро вакилон интихоб мекунанд».
Радди пешниҳоди муовини вазир дар бораи танаффуси панҷдақиқаӣ баҳсҳоро дар ин чорабинӣ «гармтар» кард. Ӯ фикри намояндаи вилояти Суғдро пурсиданӣ буд, ки Зулҳия Нозакзода, номзад ба мақоми раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф, гуфт, «хоҳиш мекунам, ба вакилон фишор наоред, бигузоред, фикрашонро озод гӯянд.»
Аз ҳар гӯшаи толор садоҳое мерасид, ки ниёз ба танаффус нест. Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф, ҳамроҳ бо Исмоил Файзизода, мувоини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касаба, толорро тарк карда, пас аз чанд лаҳза дубора баргаштанд.
Дар ин нишаст намояндаи Иттифоқҳои касабаи Узбекистону Қазоқистон ва Миср ҳам иштирок доштанд. Айгул Мукашева, раҳбари Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Қазоқистон, гуфт, «дар кишвари мо Вазорати маориф ва илм ё ҳеч масъули ҳукумат ба кори Иттифоқҳои касаба дахолат намекунад. Дар оиннома гуфта шудааст, ки Иттифоқ мустақил аст ва аз давлат вобаста нест.»
Ин зан узви Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо низ будааст ва таъкид кард, ки вакилон дар интихоби раҳбари худ мустақил ҳастанд. «Агар ҳуқуқи худро дар ин анҷуман ҳимоя карда натавонед, пас, чӣ гуна аз ҳуқуқи омӯзгорон ҳимоя мекунед?» – афзуд яке аз ширкатдорони дигари нишаст.
Пас аз баҳсҳои дароз яке аз масъулони анҷуман аз вакилон хост, дар баробари Зулҳия Нозакзода номзади дигареро пешниҳод кунанд. Касе пешниҳод накард. Дар овоздиҳии ошкор 72 вакил аз Нозакзода ҷонибдорӣ карданд ва ӯ раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф шуд.
Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, баъд аз анҷоми нишаст, нахост, бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад.
Нозакзода гуфт, яке аз авлавиятҳои кораш, ҳимоят аз ҳуқуқи омӯзгорон хоҳад буд. Ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро масъалаи интихоб ҷанҷолбарангез шуд, посухи дақиқ надода, кӯтоҳ ҷавоб дод, ки «як-ду нофаҳмӣ шудааст». Вай мегӯяд, таҷрибаи 10-солаи кор дар соҳаи маорифро дошта, тайи ду моҳи охир ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф кор кардааст.
Баҳсҳо сари баргузории интихоби раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар ҳоле сурат мегирад, ки нақзи ҳуқуқи баъзе аз омӯзгорон ва шикоятҳо аз таъхир дар пардохти маоши онҳо борҳо садо додааст.
Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф беш аз 290 ҳазор узв дорад ва ба қавли раҳбаронаш, маоши кормандонаш аз ҳисоби ҳаққи узвият мебошад. Ҳарчанд дар анҷумани ин ниҳод чанде аз масъулон аз пешравиҳо дар кори он гуфтанд, дар гузашта муассир набудани фаъолияти он ва дар умум Федератсияи иттифоқҳои касабаи кишвар борҳо танқид шудааст.
“Озодӣ”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ