Қонун дар ҳимояи кӯдакон аст
Бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноятии Қирғизистон, барои муносибати бераҳмона нисбати кӯдакон, ба саломатии онҳо зарар расонидан, зӯргӯӣ кардан ва то ба ҳадди худкушӣ расонидани онҳо муҷозоти сангин пешбинӣ шудааст.
Дар матни тағйирот омадааст, волидон ва ё афроде, ки тарбияи кӯдак бар зиммаи онҳоест, барои муносибати бераҳмона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб мешаванд. Бино бар ин тағйир, муносибати бераҳмона ва то ба ҳадди худкушӣ расонидани ноболиғ аз 2 то 5 соли зиндонро дар пай дорад. Содир кардани ҳамин навъи ҷиноят нисбати хурдсолон аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ҳамчунин дар қонун барои расонидани зараре, ки ба саломатии кӯдак осори ногувор хоҳад дошт, аз 6 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ