1,4 миллион сомонӣ кумаки Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагони офати табиӣ
Иттиҳоди Аврупо тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои дастгирии ҷомеаҳои осебпазири Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки аз офатҳои табиӣ баҳори имсол зарар дидаанд, 100 ҳазор евро (тақрибан 1,4 миллион сомонӣ) ҷудо мекунад. Дар ин бора Спутник Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки кӯмаки ИА мустақиман ба 1800 нафар, ки аз ҳама беш зарар диданд, расонида мешавад.
Ба зарардидагони офати табиӣ, аз ҷумла, кӯрпаю болишт, зарфу табақ ва дигар ашёи лозим барои ошхона супорида мешавад. Илова бар ин, оилаҳое, ки комилан манзили зисти худро аз даст доданд, бо маблағ таъмин мегарданд, то эҳтиёҷоти худро бароварда кунанд.
Ёдовар мешавем, ки обхезиҳо ва ярчҳои моҳи май ба беш аз 25000 нафар зарар расониданд. Аз 1000 хона, ки бар асари офати табиӣ зарар диданд, як қисмати онҳо комилан вайрону валангор шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ