14 нафар хонандагони мактаб даст ба худкушӣ задаанд

Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи  соли 2018 аз ҷониби  16 нафар ноболиғон  ҳодисаҳои  худкушӣ ва сӯйқасд ба он ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода аз ин 16 нафар 14 нафарашонро хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ  ташкил медиҳад.

 “Чунин ҳодиса бештар дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод ва Айнӣ ба қайд гирифта шудааст. Маҷмуан давоми шаш моҳ аз ҷониби 77 нафар ноболиғон ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба  қайд гирифта шудааст, ки 41 нафари онҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд ”-афзуд сардори  Раёсат.

                                                                                        Фарзона Муродӣ

  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *