14 рӯз пеш: Аввалин зодрӯзи Қиёмиддин Чақалов бидуни ӯ

Қиёмиддин Чақалов ҳунарманди саршиноси театру синамо ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик субҳи 14 апрел дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт. Аслиддин Чақалов, фарзанди марҳум, ба pressa.tj гуфт, ки падараш чанд вақти охир дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ буд ва ҷарроҳии рӯдаро аз сар гузаронд.

Дар паноҳи Файзобод

Қиёмиддин Чақалов 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, ба кружоки дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо маҳорати баланд иҷро мекард. Аз наврасӣ дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод ба кор пардохт. Соли 1964-1967 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кард. Солҳои 1971-1975 дар факултети актёрӣ, драма ва кинои Институти давлатии санъати Тоҷикистон таҳсил кард. Аз соли 1975 дар Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ фаъолият дошт. Оиладор, соҳиби 10 фарзанд буд.

Дӯстони Қиёмиддин Чақалов мегӯянд, "то лаҳзаи охир ханда бар лаб буд", вале  "сактаи дил аз пой афтонд". ВИДЕО, САДО

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов бо нақшҳои ҳаҷвиаш дар саҳнаи театр ва синамову телевизион маъруф аст. Номбурда зиёда аз 50 сол дар саҳнаи Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кард. Солҳои охир актёр аз саҳна дур ва дар Файзобод зиндагӣ мекард.  

Насиҳати падар

Ӯ фарзанди раис бошад, ҳам падараш шахси хоксору фурӯтан буд.

Дар суҳбати аз падар чунин ёдоварӣ мекунад:

“Падарам тез-тез як қиссаро нақл мекарданд. Дар замонҳои қадим як камбағал ва як бой ҳамсоя будаанд. Марди доро шабона дар ҳавлиаш машъал меафрӯхтаасту аз равшании ҳамон гулхан ҳавлии камбағал ҳам чароғон мешудааст. Аҳли оилаи марди фақир дар шуълаи равшании аз хонаи ҳамсоя меомада дарз дӯхта, аз ҳамин ҳисоб аробаи зиндагиашонро мекашидаанд. Рӯзе бузургворе дар хонаи камбағал меҳмон мешавад ва мебинад, ки равшании машъали афрӯхтаи бой манбаи даромади аҳли оилаи камбағал гаштааст.

Мепурсад, ки оё ту барои истифода аз рӯшноии аз хонаи ҳамсоя меомада иҷозат пурсидаӣ. Марди камбағал иқрор мешавад, ки напурсидааст ва бой машъалро ҳар шаб худаш меафрӯзад. Бояд иҷозат пурсӣ, мегӯяд бузургвор, вагарна ризқу рӯзие, ки аз пушти дарздӯзӣ ба даст меорӣ, ҳаром мешавад. Падарам таъкид менамуданд, ки аз гуфтаи он бузургвор панд бигирем ва дар куҷое, ки набошем, ҳалол меҳнат намоему ризқи ҳалол хӯрем.”

Аз пайроҳа то шоҳроҳ

Вақте Қиёмиддин дар синфи шашум мехонд ва ситораи кружоки мактабӣ буд, истеъдоди ӯро ба назар гирифта, роҳбари Театри халқии ноҳияи Файзобод Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият ба театр даъват кард.  

Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд. Ӯ ҳар рӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.

Театри ноҳияи Файзобод барои Қиёмиддин пайроҳаи санъат буд. Баъди хатми Донишкадаи санъат  ӯро шоҳроҳ – саҳнаи театри Лоҳутӣ интизор буд. 

Дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ зиёда аз 100 нақши хурду бузург, аз ҷумла, Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов)   ва ғайраро иҷро кард.

Сияҳсавор («Ашк ва шамшер»), қассоб («Ҷазира»), муаллим («Муҷассамаи ишқ»), директори совхоз («Сароби хунин») ва ғайра беҳтарин нақшҳои Қиёмиддин Чақалов дар кино ҳастанд. 

Фидоии ҳунар

Ҳамкасбонаш марги Қиёмиддин Чақаловро талафоти калони санъати тоҷик арзёбӣ мекунанд ва ӯро фидоии саҳна меноманд.

“Ӯ зиёда аз 50 сол, ҳар субҳ қариб 100 километр роҳро тай карда, аз Файзобод ба Душанбе меомад ва барои мухлисонаш нақшҳои ҷолиб бозӣ мекард. Зеро ӯ то охири умр дар деҳа зиндагӣ кард. Ӯро тамошобин дӯст медошт.” – мегӯяд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир.

Марям Исоева, маъруфтарин ҳунарманди тоҷик, марги Қиёмиддин Чақаловро талафоти калон номид:

“Ҳунарманде моро тарк кард, ки ба мардум шодиву нишот меовард, оне аз олам рафт, ки бо нақшҳои ҳаҷвиаш зиндагии мардуми моро рангину гуворо мекард. Рӯҳаш шод бод, ҳунарманди бузургро”.

…Қиёмиддин Чақаловро санаи 14 апрел дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

О. Соҳибзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *