14 рӯзи бистарӣ барои муайян кардани коронавирус

301 нафар шахсоне, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд. Хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди он ки дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ошкор шудааст рад карда, мегӯяд, ки дар миёни онҳо сироятёфтагони коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *