14 садамаи “Дулан”, ки бо марги 30 нафар анҷомид

Аз баҳори соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаракати мошинҳои гаронвазне, ки беш аз 40 тонна бор мекашонанд, манъ шудааст. Зеро садама бо ширкати чунин мошинҳо дар ҳоли афзоиш аст. Махсусан, садама бо “Дулан”-ҳо.

Дар 10 соли охир аз садама бо ширкати “Дулан”-ҳо, ба истиснои ҳодисаи охирин, ҳадди ақал 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Уour.tj 14 ҳодисаи нохушеро ёдоварӣ кардааст, ки 10-тоаш бо айби ронандагони “Дулан” ба амал омадааст. 

24.08.2012. Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садама рух дод, ки бар асари он шаҳрванди Чин Сун Ио Лонг ба ҳалокат расид. Сабаби садама аз кор мондани системаи тормози мошини “Дулан” будааст.

4.07.2013. Ронандаи мошини боркаши “Дулан” суръатро аз меъёр боло бурда, идораро аз даст дод ва ба мошини “КАМАЗ”, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрд. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон рух дод. Ҳарду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

6.06.2015. Бар асари садамае, ки дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух дод, генерал-майори милиса Маҳмадсаид Ҷӯрақулови 63-сола ба ҳалокат расид. Ӯ ҳангоми бо мошини шахсиаш ба пойтахт баргаштан идораро аз даст дода, ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрд.

10.12.2016. Дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) як мошини “Дулан” бо гази моеъ таркид.

11.12.2017. Дар ноҳияи Ҷайҳун як мошини боркаши “Дулан” ба “Тойота Королла” бархӯрд. Ронандаи “Дулан” идораи мошинро аз даст дод, ки боиси бархӯрд гардид. Дар ин садама ронандаи автомашинаи “Тойота” Ҳаким Тоғоев ва як мусофири дигар — Ҳаким Идрисов ба ҳалокат расиданд.  

20.04.2018. “Дулан”, ки дар ҳудуди ноҳияи Ш. Шоҳин ҳаракат мекард, чаппа шуд. Як шаҳрванди Афғонистон, ки ҳангоми рух додани ҳодиса дар дохили мошин буд, ба ҳалокат расид.

20.02.2020. Раиси Суди шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода дар як садама дар вилояти Суғд даргузашт. Ронандаи мошини тамғаи “Опел”, ки Ваҳҳобзода дар он буд, идораро аз даст дода, ба “Дулан”, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрд. Бар асари бархӯрд ду мусофири “Опел”, бо шумули додрас ба ҳалокат расиданд.

29.09.2020. Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” ба хати муқобил баромада, ба худрави “Хундай” бархӯрд. Ҳарду ронанда ва як мусофири мошини Hyundai дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.  

31.10.2020. Дар наздикии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ як мошини боркаши “Дулан”, ки ронандаи он идораи мошинро аз даст дода буд, бо 30 тонна ангишт ба қаъри 15-метрии дарёи Фон сарозер шуд.

14.09.2021. Дар ноҳияи Варзоб як сокини вилояти Хатлон идораи мошини боркаши “Дулан”-ро аз даст дода, боиси ба ҳам бархӯрдани 10 мошин гардид. Мошини тамғаи “Тойота” бар асари ин бархӯрд аз баландии 200 метр ба ҷарӣ сарозер шуд. Дар натиҷаи ин садама мусофири яке аз мошинҳои ҳаракаткунанда ба ҳалокат расид.

9.03.2023. Дар чорроҳаи кӯчаи Зафар ва хиёбони И. Сомонии шаҳри Душанбе ронандаи мошини боркаши “Дулан” идораро аз даст дода, ду духтарак — хоҳаронро дар гузаргоҳи пиёдагардон пахш кард. Яке аз хоҳарон ба зудӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш фавтид.

25.03.2023. “Дулан” ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ш. Шоҳин ба самти Кӯлоб чаппа шуд. Дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофир ба ҳалокат расиданд.

30.06. 2023. Дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон ронандаи мошини боркаши “Дулан” Атомамад Гадомамадов бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, пиёдагард Хушбахт Бахтибековро пахш кард, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

5.06.2023. Ронандаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ идораи мошинро аз даст дода, ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрд. Дар садама ронанда ва як мусофири 54-сола ба ҳалокат расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *