14 сафири нав ба Душанбе омаданд
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 14 сафири фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.
Ба Сарвари давлат бо арзи дуруду шодбошиҳои роҳбарони кишварҳои худ сафирони фавқулода ва мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Ҷумҳурии Туркия Алӣ Рифат Коксал, Ҷумҳурии Фаронса хонум Ясмин Гуедар, Ҷумҳурии Италия Андреа Бертоззи, Ҷумҳурии Австрия Герхард Сайллер, Шоҳигарии Нидерландия Дирк Ян Кооп, Ҷумҳурии Юнон Андреас Фриганас, Ҷумҳурии Чехия Ярослав Сиро, Конфедератсияи Швейтсария Урс Шмид, Ватикан Фрэнсис Ассизи Чулликатт, Ҷумҳурии Молдова Думитру Брагиш, Ҷумҳурии Корея Квон Ён У, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав Иэн Александр Хилл эътимоднома супориданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ