Кондуктори хатсайри 28-ро ҳабс карданд. Чаро?

Мусофир аз болои кондуктори хатсайи 28-и пойтахт ва ронандаи он ба мақомоти милитсия шикояят кардааст.

Як нафар истифодабарандаи шабакаи ичтимоии Фейсбук бо нашри расми автомашинаи тамғаи «Хундай Страекс» рақами қайди давлатиаш 5556 DA 01, мусофирбари хатсайри №28 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати пулчинаки (кондуктор) автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда, пулчинаки ин автомашина нисбати мусофирон дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кадааст.

Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки пулчинаки автомашина шаҳрванд Одинаев Манучеҳр, соли таваллудаш 25. 09. 1998 сокини шаҳри Душанбе мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз доштааст, ки дар нисбати муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд.


 Бино бар иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда Одинаев Манучеҳр протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Нисбати ронандаи автомашинаи мазкур бошад барои ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шудан бо моддаи 510-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *