Виҷдони хобида. Чаро фақат супориши боло онро бедор мекунад?

…75 рӯз аст, ки Мадина беҳуш аст. Тавре пизишкон гуфтаанд як қисмати сараш зарбаи сахт дидааст ва ӯро то шаш моҳ агар дар ҳамин ҳолат бимонад, нигоҳубин хоҳанд кард. Қазияи Мадина баъди дахолати Рустами Эмомалӣ ҷараёни дигар гирифт, аммо ба садҳо нафари дигари чун ӯ кӣ дасти кумак дароз мекунад?

Оё ҳама баробаранд?

Минбаъд тақдири Мадина чӣ гуна хоҳад буд, касе, на пизишкон, на волидонаш ва на каси дигар пешгӯӣ карда наметавонанд. Танҳо Худо медонад. Айни замон ӯ бо аҷал даст ба гиребон аст. Аммо тақдири онҳое, ки  ба ин қазия алоқаманданду  тану ҷони сиҳат доранд, баъд аз дахолати Раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ ранги дигар гирифт. Ин бор ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист, ки диққати шахси дуюмро (ва минбаъд Президент ҳам ба ин масъала дахолат кард) ба ин моҷаро ва тақдири як шаҳрванди одӣ ҷалб намояд. Ва ин дахолат натиҷа доду гунаҳгорони асосии беҷазо мондани ҷинояткорон муҷозот шуданд. Аз ҷумла, аввлин шуда,  рӯзи 2-уми ноябр Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино  аз мақомаш барканор шуда буд. Минбаъд Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарори афви  гумонбар дар парвандаи пурмоҷарои марбут ба Мадина Мамадҷоноваро имзо карда буд, аз мақомаш барканор шуд. Албатта, онҳое, ки дар тафтишу баррасии парвандаи Мадина саҳлангорӣ карда буданд, бояд қаблан ҷазо мегирифтанд, аммо тавре мебинем, танҳо пас аз дахолати шахсони аввали ҷумҳурӣ тафтиши одилонаи ин парванда дубора оғоз гардид. Яъне, агар мулоим карда гӯем, дахолати “боло” намешуд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ садо баланд намекард, то имрӯз дар бораи Мадина касе намедонисту то ҳол ба қавли падари Лутфулло (Парвиз) Давлатов ин марде, ки сабабгори ранҷи зани дуюмаш (ё маъшуқааш) шуд, “дорукашонӣ” карда мегашт.  Пас, ибораи “дар назди қонун ҳама баробаранд” –ро, ки ҳарзамон Президенти кишвар ба гӯши қонудонҳою масъулон таъкид карда меистанд чаро онҳо таҳриф мекунанду “яке баробару дигаре каме зиёдатар баробар” мешаванд?

Вақте дар саҳни масҷид латукӯб мекунанд…

Ҳамагон огоҳем, ки Президенти кишвар қабл аз он ки судяҳо,  сардорони милисаҳо ва дигар сохторҳои калидии қударатӣ ба вазифа таъйин мешаванд, онҳоро ба ҳузур пазируфта, таъкид мекунад, ки ба мардум аз рӯйи қонун, дар доираи баробарии иҷтимоӣ муносибат кунанд, аммо…  То боз ҳам дахолати болоӣ нашавад, ҷабрдидаҳо сарсону саргардон мегарданд.

Чунин як ҳодисаи ба қазияи Мадина монандро ба мо гуфтанд, ки бе дахолати “боло” нафаре, ки дар назди мардум (дар рӯи ҳавлии масҷид) лату куб шуду ӯро бо сару рӯи хуншор  ба шуъбаи эҳёгарии бемористони  шаҳри Ваҳдат бурданд ва як шабонарӯз дар шуъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт, беҷазо монд ва ҳатто ҷарима нашуд.

Ҳодиса чунин рух медиҳад, ки сокини Роҳатӣ Мансур Раҷабовро ҳамдеҳааш Сангов Нурулло дар назди мардум лату куб мекунад. Минбаъд  ӯро ба бемористон мебаранд ва экспертҳо танҳо баъд аз як шабонаруз омада, ба ӯ бо санади №1071 “зарари сабуки ҷисмонӣ” медиҳанд. Акнун бинед, дар хулосаи тиббӣ-судӣ чӣ навишта шудааст: “…хуномосҳо, харошаҳо, хунҷабиши лаби боло бо варами бофтаҳои нарм, осеби пӯшидаи косахона ва майнаи сар, ларзиши майнаи сар, конутзияи себаки чашм ва латхӯриҳо…” ва ҳамаи ин зарари сабук! Магар бо чунин зарарҳои  назарногиру беҳуда шарт аст, ки “масъулони серкорро”  ташвиш диҳему нафареро, ки пас  аз як моҳи ҳодиса то ҳол ба худ наомадааст ва захмҳояш пурра сиҳат нашудааст, ҷабрдида ҳисобем?

Ба болои ин, вақте ки ақрабои ҷабрдида ба  хонаи  муштзӯр рафта сабаби чунин рафтори Нуруллоро мепурсанд, онҳо  мегӯянд, ки “аз дасташон чӣ кор биёяд кунанд, мо ҳисоби корро ёфтагӣ, даври мо ҳам меояд.”.  Ҳисоби корро чӣ гуна ёфтаанд ва даври онҳо кай меояд, маълум нест, вале воқеан ҳам, гуфтаашон шуд ва гунаҳгор беҷазо монд. Ӯ шояд ҳоло интизори он аст, ки боз дар арафаи қонуни афв ягон бечораи дигарро лату  куб кунаду  “ҳисоби корро” ёбад…   

Ҷазои барои “ғасби замин”-и худ

Боз як мисоли дигар ин қазияи  “гунаҳгории” омӯзгори ҳисорӣ  Ҳабибулло Сатторов аст, ки ба “ғасби замин”-и худаш суд гунаҳгор кардан мехост (”Тоҷикистон”, 28 июли соли 2021) Пас аз даводави зиёд ва сарфи вақту маблағ ӯ тавонист бегуноҳии худро исбот кунад. Аммо то ҳол ҳукми ғайриқонунии ин омӯзгор бекор нашудааст. Наход барои ин боз ба боло муроҷиат карданаш лозим шавад?

Тавре мебинем, ҳолатҳои беҷазо мондани  гунаҳгорони воқеӣ ва ҷазо гирифтани бегуноҳони “гунаҳгор” ҳануз зиёданд ва роҳбарияти олии кишвар кори дуруст мекунанд, ки назоратро сари ин масъала сахттар кардаанд. Вале қабл аз ҳама бояд виҷдони худи кормандони масъул онҳоро назорат кунад…

А.АҲМАДЗОДА         

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *