Дар Душанбе зане худро аз ошёнаи 15…
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 15 ноябр сокинони кӯчаи Бухоро, 34, шаҳри Душанбе ба қисми навбатдорӣ занг зада, хабар додаанд, як зани сокини ин бино қасди худкушӣ дорад ва мехоҳад худро аз қабати 15-ум ба замин партояд.
Гуруҳи навбатдори наҷотбахшон ҳамроҳ бо равоншиноси воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт ба ҷои ҳодиса рафта, маълум карданд, ки як ҷавонзани соли таваллудаш 1994, худро дар карнизи бино овезон карда, касеро намегузорад, ки ба вай наздик шавад ва қасди куштани худашро дорад.
“Равоншинос музокиротро бо ин зан шурӯъ карда, бо ин таваҷҷуҳи ӯро ба дигар тараф бурд. Дар ин лаҳза, наҷотбахшони дигар ба воситаи тирезаи дигар гузашта, тавонистанд, ки ҷавонзанро ба даруни хона тела диҳанд. Ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин ҷавон ба иллати мушкилоти оилавӣ даст ба чунин амал задааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, наҷотбахшонаш аз аввали соли ҷорӣ ҳудуди 200 нафарро аз ҳолатҳои гуногуни мушкил наҷот додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ