Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон авзои Афғонистонро матраҳ кард
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба Туркманистон бо сарони давлатҳои Туркия, Ӯзбекистон, Покистон ва Эрон суҳбат кард.
Ин сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ сурат гирифт.
Эмомаӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ва Ориф Алвӣ, президенти Покистон мавзӯи Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Ӯ дар суҳбати ҷудогона бо ду президент гуфтааст, аз роҳандозии ҳама гуна таррҳҳое, ки барои амнияти Афғонистон заруранд, пуштибонӣ мекунад.
Дар суҳбат бо Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои ду кишварро судманд номид.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон навиштааст, ки ҳамкориҳо бо Туркияро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбари ин кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд гуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ