Таркиш дар Тошканд, 18 нафар захмӣ шуд

Дар шаҳри Тошканд дирӯз,  29-уми ноябр дар натиҷаи таркиши газ дар хобгоҳи ширкати «Узмилл» дар ноҳияи Сергели сӯхтор ба амал омадааст.

Ба гуфти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, ҳангоми таркиш дар маҳалли ҳодиса 43 корманд ҳузур доштанд ва 18 нафарашон ба беморхона интиқол дода шудаанд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки таркиш талафоти ҷонӣ дар пай дорад, ё не.

Барои муайян кардани сабабҳои рух додани ҳодиса бо раҳбарии муовини аввали прокурори Тошканд гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис ёфтааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи нуқс доштани лӯла гази табиӣ дар дохили бино ҷамъ ва боиси сар задани таркиш шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *