«Меҳмонхона»-е, ки фоҳишахона шуд

Тавре ВКД хабар додааст, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳолати иҷорадиҳии ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои амалҳои шаҳвониро ошкор намудааст.

Тибқи иттилои ВКД, ҷавонзани 40-сола, сокини шаҳри Хуҷанд даҳ ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро гӯиё дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст.

Манбаъ афзуд, ки мақомоти милиса ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фохишахона ташкил шудааст.

«Дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд», — омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки хизматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби мойилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки ба ивази 100 то 150 сомонӣ маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд.

Ба иттилои ВКД, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардидааст.

Ин банди Кодекси ҷиноӣ, барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ, ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *