Аз мушту лагати бародарони шавҳарам ба фиғон омадам
Як муштарии сомонаи «Tajikistantimes.ti» ки худро Зарина муаррифӣ намуд, аз гум гаштани шавҳараш ба мо хабар дод. Зарина қайд намуд, ки бо Маъруф ном ҷавони хуҷандӣ хонадор шуда, се фарзанд доранд, вале шавҳараш ба муҳоҷират рафта, бедарак гаштааст. Ҳоли ҷавонзан баъди гумном шудани шавҳараш табоҳ гашта, аз дасти додаршӯйҳояш рӯз надорад. Зарина бо ашки шашқатор иброз намуд, ки бо кадом роҳе набошад ба Русия рафта, мурда ё зинда будани шавҳарашро аниқ кардан мехоҳад.
“Бе шавҳар хору зор шуда, азоби дӯзахро бо чашмони сарам дидам. Дигар тобу тоқати мушту лагади хушдоман ва додаршӯйҳоямро надорам”, — мегӯяд Заррина.
Мақсади ин ҷавонзани тоҷик аз муроҷиат намудан ба ин сомона он аст, ки шавҳараш дар куҷое, ки набошад, аз худ дарак диҳад, вагарна ӯ бо се фарзандаш тарки Ватан намуда ба Русия шавҳаркобӣ меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ