Собянин: Маскав меҳмонони беодобро қабул надорад

Маскав наздики 400 муҳоҷирро барои занозаниҳои гуруҳӣ ва дигар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кард.

Дар ин бора Татяна Дмитриева, як масъули мақомоти муҳоҷирати он кишвар иттилоъ дод. «Нисбати ин муҳоҷирон қарори манъи вуруд содир шуд ва онҳо аз ҳаққи вуруд ба Русия барои 40 сол маҳрум шуданд»,-гуфт Дмитриева.

Ба гуфтаи вай, дар Маскав 1 млн 33 ҳазор муҳоҷир ҳузур дорад, ки 82 дарсади онҳо соҳиби кор ҳастанд. Асосан инҳо муҳоҷирон аз Ӯзбекистон (31%), Тоҷикистон (26%) ва Қирғизистон (25,4%) ҳастанд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки дар моҳҳои охир аз Маскав 200 муҳоҷири меҳнатӣ берун ва нисбати 800 тани дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи вай, ин ихроҷҳову парвандаҳо баъди занозаниҳои гуруҳӣ боз шудаанд. «Ин гуна намешавад. Мо чунин меҳмононро хуш надорем. Маскав — шаҳри меҳмонпазир ҳаст. Аммо, лутфан, дар меҳмонӣ худро муаддаб нигаҳ доред», — гуфта буд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *